spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Ӯзбекистон ҳам нархи барқу газ баландтар мешавад

Вазорати молияи Ӯзбекистон хабари гаронтар шудани нерӯи барқ дар ин кишварро, ки ахиран дар шабакашои иҷтимоӣ паҳн гашт, шарҳ дод.

"Ба самъи шумо мерасонем, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қарори девони вазирон "Дар бораи тағйири нарх ва тарифҳои манбаъҳои энергетикиву сӯзишворӣ" баррасӣ мешавад. Ҳадафи қарор ислоҳоти бахши энергетикӣ ба хотири таъмини сокинон ва бахши иқтисод бо нерӯи барқу гази табиии босифат мебошад", – омадааст дар иттилоияи вазорат.

Қаблан, муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон Шерзод Хоҷаев ба расонаҳо гуфта буд, нерӯи барқи истеҳсолшаванда дар он кишвар бо нархе ба сокинон фурӯхта мешавад, ки ба давлат зарар меорад.

Ба гуфтаи вай, 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба сокинони Ӯзбекистон 295 сӯм ($ 0.03) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки агар тамоми хароҷоти истеҳсолӣ ва нақлиётиро ҳисоб кунем, арзиши 1 киловатт-соат 400 сӯм ($ 0.04) хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...