Миёни Қирғизистону Қазоқистон ихтилофи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ду кишвар маҷмуи робитаҳои дуҷонибаро рушд медиҳанд.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев дар шаҳри Бишкек изҳори назар кард.
Ба гуфтаи Ҷабборов, дар 30 соли охир ду кишвра тавонистанд, ки ҳамкориҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонанд. Вай ҳамзамон даъват кард, ки Созишномаи дуҷониба дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ "бо назардошти воқеиятҳои рӯз" таҷдид карда шавад.
Дар поёни сафари расмии Тоқаев ба Қирғизистон 13 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Тоқаев бо сафари расмӣ рӯзи 26 май вориди Қирғизистон шуд.