Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон 30 май дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот мекунанд.
Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар тазоҳурот ҳудуди 100 одам ҷамъ шуда, дар даст лавҳаҳоеро бонавишта "Соҳибкорон зидди ДКН!" ва "Патентро бимонед!" доранд.
"Мо бе ин ҳам андозро се бор, тавассути ширкат, миёнарав ва расид мепардозем. Тариқи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ бори чаҳорум мешавад. Мо ба истифодаи ин дастгоҳҳо омода нестем, бигузор патент боқӣ монад", – гуфт яке аз таҷаммуъгарон.
Рӯзи 30 май як гуруҳ аз оҳибкорони шаҳри Таласи Қирғизистон низ ба нишони эътироз таҷаммуъ кардаанд.
Сокинони Қирғизистон пештар низ зидди роҳандозии дастгоҳҳои мазкур дар бозорҳои "Дордой" ва "Дордой-Моторс" низ тазоҳурот карда буданд.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.