Фаъолияти барномаи "Тарзи ҳаёти солим" дар Узбекистон, ки ба ҳамёни электронии шаҳрвандон барои беш аз 10 ҳазор қадам задан дар рӯз пул мегузаронд, пурра қатъ шудааст.
Қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи тағйири баъзе аз фармонҳои пешини ӯ, ки қатъи барномаи мазкурро низ пешбинӣ мекунад, ба имзо расидааст.
Пештар президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо карда буд, ки бар асоси он, ба ҳамёни шаҳрвандони аз 18-сола боло барои беш аз 10 ҳазор қадам задан дар рӯз 3 ҳазор сӯм гузаронида мешуд.
Бар иловаи ин, касоне, ки дар сатҳи ноҳия дар моҳ бештар аз дигарон қадам мезананд, 300 ҳазор сӯм (муодили 300 сомонӣ), дар сатҳи минтақа бештар аз дигарон қадам мезананд – 500 ҳазор сӯм (500 сомонӣ) ва дар сатҳи кишвар аз дигарон бештар қадам мезанад 1 миллион сӯм (1000 сомонӣ) дарёфт мекунад.