Хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон хабар додааст, ки талабот нисбат ба боркашонҳои Белорус ва Русия то моҳи январи соли 2023 сабуктар карда шудааст.
Вазорат гуфтааст, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ҳамлу нақли автомобилии миллӣ қонунгузории дохилӣ барои ҳамлу нақл ба кишварҳои севум, аз ҷумла "интиқол" маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад.
Аммо ба гуфтаи масъулони вазорат, ин талабот ба мошинҳои боркаши Белорус ва Русия то оғози соли равон иҷро нахоҳад шуд.