Талаби ташхиси коронавирус ва шаҳодатномаи воксинзанӣ ҳангоми убури марзи Қазоқистон бекор мешавад. Дар ин бора аз комисияи пешгирии паҳншавии вабо дар Қазоқистон хабар доданд.
"Бекор шавад: нахуст – аз 8 июни соли ҷорӣ талаби ҳатмии шаҳодатномаи гирифтани воксини зидди коронавирус ва ё ташхиси надоштани вабои коронавирус ҳангоми вуруди марзи Қазоқистон", – омадааст дар хабари комисия, ки рӯзи сешанбе нашр шуд.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон фаъолияти 12 гузаргоҳи марзиро дубора ба роҳ мемонад, ки пештар баста шуда буданд.