Комисияи марказии раъйпурсии Қазоқистон натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ ба тағйироти Конститутсияро эълом кард.
Ба иттилои комисия, 77,18 дарсад аз тағйирот ҷонибдорӣ кардаанд. Ин рақамҳо бо натиҷаҳое, ки комисия рӯзи 6 июн эълом карда буд, якранг ҳастанд.
Зидди тағйирот 18,66 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.
Дар раъйдиҳии рӯзи 5 июн 68,05 дарсад ё 7 миллиону 985 ҳазору 769 сокини қобили раъйи Қазоқистон ширкат кардаанд.
Нурлан Абдиров, раиси комисияи раъйпурсӣ гуфт, 1,58 дарсади баргаҳои раъй беэътибор дониста шудааст.
Абдиров гуфт, тағйироти қабулшуда ба Конститутсия аз рӯзи эъломи расмии натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба иҷро даромадаанд.