Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ мешавад. Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 8 июн хабар дод.
Вай гуфт, ки айни замон асосноксозии иқтисодиву техникии лоиҳа идома дорад.
"Дар сурате, ки агар асосноксозӣ тирамоҳ ба анҷом расад, сохтмон соли оянда шуруъ мешавад. Ин роҳ дар давоми 3-4 сол сохта хоҳад шуд, агар се кишвар дар якҷоягӣ кор кунанд. Даромад аз ин роҳ на камтар аз 200 млн доллар хоҳад буд", – гуфт Ҷабборов.
Пештар аз ин раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов гуфта буд, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон тирамоҳи соли 2022 оғоз мешавад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон низ гуфта буд, ки дар фурсатҳои наздик сохтмони роҳи оҳан оғоз мегардад.
Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани мазкур ҳанӯз солҳои 2000 рӯи даст гирифта шуда буд. Аммо то ин замон ин тарҳ ба марҳилаи иҷро надаромадааст.