Аз 18 июл рауои автобусҳо аз Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Русия дубора аз сар гирифта мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт.
Дар марҳилаи аввал хатсайрҳо аз Тошканд ба Маскав, Санкт-Петербург ва Қазон ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати Uzautotrans Service бо автобусҳои тамғаи Yutong ба иҷро расонида мешаванд.
Автобуси хатсайри Тошканд – Маскав рӯзҳои душанбе ва ҷумъаи ҳафта соати 12:00 ба роҳ мебарояд. Билет 1 млн сӯм (ҳудуди 90 доллар) нарх дорад.
Бо хатсайри Тошканд – Қазон автобус рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:00 ба сафар баромада, арзиши билет 800 ҳазор сӯм (73 доллар) аст.
Сафарҳои хатсайри автобуси Тошканд – Санкт-Петербург рӯзҳои чоршанбе ва шанбе муқаррар шуда, роҳкирои он 1,25 млн сӯм (114 доллар) нарх дорад.
Қобили зикр аст, ки қатораҳои байнулмилалӣ аз Ӯзбекистон ба Русия аз охири моҳи июн ба равуо оғоз намуданд. Рӯзи 23 июн қатораи мусофирбари Тошканд – Самара ва 25 июн – аввалин қатораи Тошканд – Волгоград тайи ду соли ахир ба роҳ баромаданд.
Ёдрас мекунем, ки аз 15 июл ҳамаи маҳдудиятҳои санитарии марбут ба вуруд бо роҳи заминӣ ба Русия бекор карда шуданд.