spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Духтарони президентҳои ОМ: кӣ кадом мансаби давлатиро ишғол мекунад?

Рӯзи 14 ноябр маълум шуд, ки духтари калонии президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ба як мансаб дар дастгоҳи президент таъин шуд. Ин бори аввал нест, ки фарзандони сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба кадом як мансаби давлатӣ таъин шаванд.

Тоҷикистон

Духтари калонии президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон айни замон дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор мекунад. Фаъолияти сиёсии ӯ ҳанӯз соли 2005 дар синни 27-солагиаш шурӯъ шуда буд. Нахуст аз соли 2005 то 2007 Озода Раҳмон дар сафорати Тоҷикистон дар ИМА ба ҳайси масъули масоили фарҳанг ва маориф ифои вазифа намуд.

Аз соли 2007 то 2009 Озода дар вазифаи сардори Раёсати консулгарии ВКХ, сипас муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озода Раҳмон

Соли 2014 муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Аз соли 2016 бо фармони сарвари давлат ба Дастгоҳи иҷроияи президент роҳбарӣ мекунад.

Ҳамон сол Озода Раҳмон вакили Маҷлиси миллӣ аз Душанбе интихоб шуда, ба Кумитаи ҳуқуқи палатаи болоии парлумон роҳбарӣ кард. Соли 2017 бо фармони президент ба ӯ рутбаи мушовири давлатии адлия дода шуд.

Хоҳараш – Рухшона Эмомалӣ соли гузашта сафир дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуд. То ин таъинот дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар мансаби муовини сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалӣ ифои вазифа мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рухшона Эмомалӣ

Ӯзбекистон

Чанде пеш президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев духтараш – Саидаро ба вазифаи мудири бахши коммуникатсия ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент таъин кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саида Мирзиёева

Ин соҳаи навтаъсис ба сохтори низоми муовини сардори дастгоҳ, ки барои омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ва сиёсати иттилоотӣ масъул мебошад, дохил аст. Ҳамчунин Саида Мирзиёева иҷрои ислоҳот дар бахшҳои иҷтимоӣ ва фарҳангу маорифро назорат хоҳад кард.

Духтари дуюми президенти Ӯзбекистон – Шаҳноза аз соли 2019 раҳбарии Сарраёсати ташаккул ва пешбурди сиёсат дар соҳаи таълими томактабӣ дар Вазорати маорифи томактабиро ба уҳда дорад. Қаблан дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати ташкили фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва рушди стратегии Вазорати маорифи томактабӣ кор кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шаҳноза Мирзиёева

Духтари президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов бештар бо ҷанҷолҳои зиёди марбут ба фасод, тамаъҷӯӣ ва тасарруфи молу мулк маъруф аст. Аммо дар арсаи сиёсӣ низ Гулнора Каримова тавонист аз худ нақше боқӣ бигузорад. Соли 2008 ба вазифаи намояндаи доимии Ӯзбекистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева – пойтахти Швейтсария таъин шуд. Дар солҳои 2010-2012 дар Испания сафир буд, вале аллакай соли 2013 Гулнора аз дахлнопазирӣ (масуният)-и дипломатӣ маҳрум шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулнора Каримова

Духтари хурдии президенти Ӯзбекистон Лола Каримова-Тиллоева аз моҳи январи соли 2008 дар вазифаи намояндаи доимии Ӯзбекистон дар ЮНЕСКО кор мекард. Лекин моҳи феврали соли 2018 ӯ ин вазифаро тарк карда, дар бораи сабабҳояш чизе нагуфт. Он замон Лола изҳор дошта буд, ки корро дар соҳаи амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои маорифу фарҳаг ва экология идома медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лола Каримова-Тиллоева

Ҳамчунин Лола Каримова-Тиллоева ба якчанд фондҳои ҷамъиятӣ роҳбарӣ мекунад.

Қазоқистон

Миёни фарзандони Нурсултон Назарбоев духтари калониаш Дариға бештар бо фаъолияти сиёсии худ маъруф аст, ки се маротиба вакили маҷлис буд. Бори аввал тибқи рӯйхати ҷумҳуриявӣ аз ҳизби “Асар” вакил шуда буд.

Дариға Назарбоева он замон ба масоили рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ машғул шуда, ба Кумитаи рушди иҷтимоӣ-фарҳангӣ роҳбарӣ мекард. Роҳбарии фраксияи ҳизбро дар маҷлис низ ба уҳда дошт.

Солҳои 2015-2016 ба ҳайси муовини сарвазир кор карда, ба бахши иҷтимоӣ масъул буд. Пас аз ин Дариға ба палатаи болоии парлумон ба кор гузашта, ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амният машғул буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дариға Назарбоева

Аз моҳи сентябри соли 2016 Дариға вакили сенати парламенти Қазоқистон ва аз моҳи марти соли 2019 дар вазифаи раиси сенат кор кардааст. Духтари Назарбоев ин мансабро соли 2020 бо фармони президенти нави Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев тарк кард.

Моҳи феврали соли равон Дариға Назарбоева тасмим гирифт, ки аз ваколатҳои вакили маҷлиси парлумони Қазоқистон низ даст кашад. Ӯ вакили даъвати VII ва аз моҳи январи соли 2021 узви Кумитаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди минтақавӣ буд.

Айни замон Дариға Назарбоева ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул буда, роҳбарии Фонди Нурсултон Назарбоевро ба уҳда дорад. Ҳамчунин раиси Шӯрои амонатдори иттиҳодияи неруҳои занони «Альянс женских сил Казахстана» (Паймони неруҳои занони Қазоқистон) мебошад.

Қирғизистон

Духтари президенти собиқи кишвар Аскар Акаев – Бермет соли 2005 ҳамроҳи бародараш Айдар дар интихобот ба парлумон ғолиб шуда, соли 2007 дар замони сари қудрат будани Боқиев низ мехост интихоб шавад. Ин яке аз сабабҳои инқилоби "лола" буд, ки авлоди Акаев вазифаҳояшонро аз даст доданд. Берметро асосгузори ҳизби тарафдори президентии «Алга, Кыргызстан!» меноманд, ки пас аз инқилоб фаъолияташро қатъ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бермет Акаева

Бермет Акаева калонтарин аз чаҳор фарзанди оилаи Аскар ва Майрам Акаевҳо аст. Вай солҳои тӯлонӣ бо як шаҳрванди Қазоқистон Одил Тойгонбоев издивоҷ карда буд, ки пас аз инқилоби соли 2005 ӯро ғоибона ба рейдерӣ (азхудкунӣ), фасод ва қаллобӣ муттаҳам карданд.

Соли 2017 суди ноҳияи Первомайскии пойтахт ӯро ба 20 соли зиндон бо мусодираи молу мулк ва пардохти 20 ҳазор сом ҷарима маҳкум кард. Ҳамчунин додгоҳ қарор кард, ки аз Тойгонбоева бо фоидаи ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии “Манас” 677 млн сом рӯёнида шавад.

Айни замон Бермет Акаева дар хориҷи кивар иқомат дошта, соли 2017 ҳамроҳи падараш дар бораи ояндаи Қирғизистон китоб навишт. Охири соли гузашта ӯ ва волидонаш дар Олмон бо ҳамватанонашон вохӯрданд. Он замон ба сӯи Аскар Акаев тухм партофтанд ва Бермет падарашро тарафдорӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...