Акбарҷон Исмоилов, яке аз тоҷикони муваффақи муқими Қазоқистон моҳи гузашта узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон гардид, ки роҳбарии онро президенти ин кишвар ба уҳда дорад.
Акбарҷон Исмоилов, ки ба тиҷорат машғул аст, соли ҷорӣ ҳамчунин роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон интихоб шуд. “Asia-Plus” тасмим гирифт, ки бо ин тоҷики муваффақи бурунмарзӣ мусоҳибае анҷом дода, дар хусуси ихтихобаш ба Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон, кори Маркази тоҷикон, дастоварду эҳтиёҷоти тоҷикони ин кишвар ва нақшаҳои минбаъда пурсон шавад.
– Чанде пеш Шумо узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон гардидед. Ин Шӯро чӣ гуна мақом аст ва чӣ тавр ба он пазируфта шудед?
– Баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, рӯзи 25-уми ноябр, Иҷлосияи навбатии шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон доир шуд. Раиси Ассамблея худи президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Аъзоёни дигари он раиси дастгоҳи президент, мушовири президент, ҷонишини президент, вазирҳо ва тамоми раисони вилоятҳо, раисони шаҳри Остона, Шимкент, Алмато ҳастанд.
Дар Парлумон низ нӯҳ вакил аз Ассамблеяи халқи Қазоқистон ҳастанд ва имсол мувофиқи Қонуни нав дар Сенати болоӣ панҷ депутат аз Ассамблея интихоб мешаванд.
Дар ҳамин сессияи баргузоршуда ман аъзои Шӯро шудам. Маро дар сессия Марат Азилхонов, ҷонишини президент, ки нишастро роҳбарӣ мекард ба аксарияти иштирокчиён муаррифӣ сохт ва бо пешниҳоди он кас барои пазируфта шуданам иштирокчиён якдилона овоз доданд. Сипас бо имзои Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва қарори махсус расман ба ин ҳайат аъзо шудам.
– Табиӣ, ки аъзогӣ ба ин Шӯро масъулият ва имконият аст. Аз масъулияти иловагӣ ҳарос надоред?
– Дар бобати интихоб шудани ман ба ин ҳайат Марат Азилхонов як сухан гуфтанд: “Аз замони ташкили Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикони Қазоқистон Исмоилов фаъолнокии худро нишон дод ва ба андешаи ман, дар ҳайати Шӯро як шахси арзандаи нав ҳамроҳ мешавад”. Яъне аъзо шудани ман ба Шӯро бештар рабт мегирад ба масъулияте, ки се моҳ пеш ба дӯш гирифтам.
Дуруст, ин як кори иловагӣ барои ман аст. Ҳам роҳбари Марказ будан ва ҳам аъзои Шӯро. Кори асосии ман соҳибкорӣ ва тиҷорат аст, аммо ин масъулият маро бештар рӯҳбаланд мекунад.
– Кадом масоиле ҳаст, ки шумо мехоҳед ҳангоми фаъолият дар ин Шӯро онҳоро барои баррасӣ пешниҳод намоед?
– Пешниҳодҳо зиёд ҳастанд ва тақрибан ҳама соҳаи ҳаёти тоҷикони муқимиро дар бахши иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳанг фаро мегирад. Як нуктаро мехоҳам зикр намоям, ки ман пеш аз раҳбари Маркази фарҳангӣ ва этникии тоҷикони Қазоқистон будан ҳам узви Ассамблея будам. Акнун аъзои Шӯро интихоб шудам ва ин маро чун як шаҳрванди ин кишвар, водор мекунад, ки бештар ҳиссаи худу ҳаммиллатонамро барои рушди ин давлат гузорам.
Яъне, дар ҳама минтақаҳои Қазоқистон, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, мо намояндагиҳои худро кушода истодаем, то як пайвандие бо марказ барқарор шавад. Аз ҳолу фаъолияти онҳо пайваста бохабар бошем ва ҳамбастагӣ ба вуҷуд орем. Қазоқистон аз ҷиҳати ҳудуд хеле калон аст ва шукр, ки қариб дар ҳама минтақааш ақалан як оилаи тоҷиктабор зиндагӣ мекунад. Онҳо ё дар замони шӯравӣ омадаанд ва ё баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо нияти кору зиндагӣ инҷо мондаанд. Албатта, ман онҳоеро дар назар дорам, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд.
Ҳоло дар Қазоқистон тағйиротҳои зиёд ҷараён доранд ва мо ҳамчун шаҳрванди фаъол ҳиссаи худро дар ин самт гузошта истодаем. Махсусан, барои ҳамбастагии ду кишвари аз қадим дӯсту бародар.
– Се моҳ пеш Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон таъсис ёфт. Чаро маҳз имрӯз зарурати ташкили чунин марказ пеш омад? То ин замон тоҷикони Қазоқистон ягон маркази фарҳангӣ доштанд?
– Бале, марказҳои фарҳангӣ буданд дар шаҳрҳо ва баъзе минтақаҳое, ки дар он ҷо тоҷикон бисёранд, аммо ҷумҳуриявӣ надоштем. 2-юми сентябри соли равон, баъди бештар аз 30-соли истиқлолияти кишвари Қазоқистон, ҷамъияти 100-ҳазор нафараи тоҷикони муқимӣ соҳиби Маркази фарҳангӣ ва этникии худ шуданд. Ин марказ бо иштироки ҷонишини президент Марат Азилхонов дар назди Ассамблеяи халқи Қазоқистон таъсис ёфт ва аллакай хеле барномаҳо ташкил карда шуд. Пештар дар бархе минтақаҳои тоҷикнишин буданд чунин марказҳо, вале ҳоло зери таваҷҷуҳи хосаи давлати Қазоқистон қарор гирифт. Интихоб шудани роҳбарони марказҳои минтақавӣ дар назди раисони вилоят ва ё муовинонаш тасдиқ меёбад. Яъне ҳама кор расмӣ ва қонунӣ шуд.
– Оё маркази тоҷикон бо мақомоти Тоҷикистон равобит дорад?
– Бале, дар гузашта ҳам равобити хуб дошт ва ҳоло боз қавитар мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, чандин бор дар сафарҳои расмиашон бо тоҷиктаборон вохӯрдаанд. Аз нигоҳи иҷтимоию фарҳангӣ хеле мусоидат кардаанд. Ман шахсан худам бо мақомдорони Тоҷикистон ҳам шиносоӣ дорам ва ҳамчун ҳаммилату ҳамватан рафтуомади хуб дорем.
Тавре маълум, Қазоқистон ба Тоҷикистон асосан маводи ғизоӣ ба мисли гандум, биринҷ, равған ва сӯзишворӣ содир мекунад ва аз ин ҷиҳат, равобити хуби тиҷоратӣ ҳам дорем. Минбаъд, мехоҳам ҳамин муносибатро тавассути марказ боз қувват бахшем.
– Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон чӣ ададро ташкил медиҳад?
– Маркази ҷумҳуриявии мо дар Остона ҷойгир шудааст ва намояндагии он дар 11 минтақаи тоҷикнишин, асосан дар ҷануби Қазоқистон, яъне дар вилояти Туркистон ва ноҳияҳои атрофи шаҳри Шимкент таъсис ёфтааст. Се марказ дар шаҳри Алмато ва вилояти Алмаато дорем. Дар қисмати шимол низ ҳаст. Ҳар як марказ гӯшаи тоҷикии худро дорад ва таъсиси боқимонда марказҳо идома дорад. Ҳар пешниҳоде шавад, мо бо маъмурияти он минтақа ба тамос мебароем ва дар ин самт корро равнақ медиҳем. Чунин тасмим дорем, ки ба зудӣ дар ҳадди ақал се вилояти дигар чунин марказро таъсис диҳем.
– Вазъи мактабҳои тоҷикӣ ва таҳсил дар он чӣ гуна аст? Оё мушкили дастрасии китобҳои дарсӣ ҳалли худро пайдо карданд? Муаллимҳои тоҷикзабон мерасанд?
– Мо дар ҷануби Қазоқистон, дар вилояти Туркистон 12 мактаби тоҷикӣ дорем. Аксари мактабҳои тоҷикӣ ба номи бузургони миллати тоҷик мисоли Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва монанди инҳо гузошта шудааст, то ки насли нав аз таърихи гузаштаи худ огоҳ бошад. Дар ин мактабҳо солҳои пеш дастрасӣ ба адабиёти тоҷикӣ бемушкил буд. Ҳоло низ ҳаст, вале каме барномааш куҳна шудааст. Ё китобҳои чопи солҳои пеш дар китобхонаҳо мондаанд. Мушкили камбуди китоб 4-5 сол шуд, ки пеш омадааст. Солҳои қабл китоб мерасид.
Медонем, ки ин масъала аз куҷо пайдо шуд. Барномаи дарсии мактабҳои Қазоқистон дигар шуд, навтар шуд ва барои ҳамин китобҳое, ки пештар буданд, ба кор нарафтанд. Мо пешниҳодҳои худро дар ин замина ба Вазорати маорифи Қазоқистон фиристодем ва умед дорем, ки масъала ҳал мешавад. Инҷо се масъала аст, якум маблағгузорӣ, ки аз тарафи мақомоти Қазоқистон ҳал шудааст. Дуюм, гирифтани иҷозатномаи муаллифи барномаи дарсӣ. Сеюм аз тарафи Тоҷикистон дастгирии илмӣ барои тарҷума кардани ин китобҳо зарур аст. Мо ин масъаларо бо Вазорати маорифи Қазоқистон расондаем. Масъалаи таъминоти муаллимони ихтисосӣ то ҷое ҳал шудааст, чунки солҳои охир ҷавонони мо зиёд ба Тоҷикистон рафта забон, таърих ва адабиёти миллиро омӯхта омада, дар инҷо кор карда истодаанд. Дар мо муаллимон маоши хуб мегиранд ва ба ин навъи касб хеле таваҷҷуҳ хуб аст.
– Таҳсили тоҷикони Қазоқистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Оё хоҳишманд ҳаст ва аз Тоҷикистон дастгирӣ эҳсос мешавад?
– Чандин сол шуд, ки аз тарафи Тоҷикистон барои тоҷикони Қазоқистон квотаҳо барои таҳсил ҷудо мешавад. Омори квотаҳо ҳар сол тағйир меёбад. Як нуктаро мехостам баён кунам, ки барои 12 мактаби тоҷикӣ дар Қазоқистон, омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик бисёр зарур аст. Ҳар қадар теъдоди ин омӯзгорон зиёд бошад, ҳамон қадар хуб аст. Имсол мо аз Тоҷикистон талаб мекунем, ки теъдоди квотаҳо зиёдтар шавад. Шукр, ки дар мо масъалаи рафту омад бо Тоҷикистон мушкиле надорем.
– Тоҷикони Қазоқистон ҳуввияти худро чӣ қадр ҳифз мекунанд ва барои ин чӣ талошҳое анҷом мешавад?
– Бо як ибора гуфтан мумкин, ки хеле хуб аст. Барои ҳифзи расму ойини тоҷикӣ, забони тоҷикӣ тамоми шароит фароҳам аст. Мактаби тоҷикӣ дар кишвар чунон зиёд дорем, ки ба фикрам дар ягон давлати дигар барои тоҷикони муқимӣ чунин зиёд нест. Дастуре ҳаст, ки тибқи он тамоми марказҳои фарҳангӣ рӯзҳои якшанбе дарсҳои махсус барои донистани забону тарихи худ ташкил менамоянд. Дар тамоми ҷашнҳои давлатӣ мо расму оини тоҷикиро нишон медиҳем. Дар пойтахти Қазоқистон ҳам як бинои калон бо номи Дӯстии халқҳо ва чанд иншооти дигар тобеъи Ассамблеяи халқи Қазоқистон аст. Кори асосии он муттаҳидии беш аз 130 қавму миллатҳо ва хизмат ба намояндагони он дар саросари Қазоқистон аз ҷониби хидматчиёни давлативу намояндагони интихобшудаи худи ҳамин мардум аст.
Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба соҳибкорӣ машғул шуда, се ширкати тиҷоратиро бунёд намудааст. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст. Аз соли 2017 аъзои Ассамблеяи халқи Қазоқистон буд. Аз соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон дар назди Президенти Қазоқистон мебошад.
Тақрибан 2 моҳ пеш, ба муносибати таъсис ёфтани маркази ҷумҳуриявии тоҷикон чанд барнома ташкил кардем. Ин барномаҳо асосан дар ҷануби кишвар, ҷое, ки тоҷикони муқимӣ зиёдтар зиндагӣ мекунанд, баргузор шуданд. Он минтақа ба ҳудуди вилояти Туркистон дохил аст. Барои 500 нафар «Дасторхони дӯстӣ» ташкил кардем ва бо ин барнома миннатдории худро ба Қазоқистон ва мардуми он, барои дастгириҳои анҷомдода, баён кардем.
Чанд сол пеш садди обанбори Сардобаи Ӯзбекистон рахна шуд ва панҷ деҳаи аҳолинишини Қазоқистон зери об монд. Деҳаи Фирдавсӣ, ки ҳудуди 1000 оилаи тоҷик дар он зиндагӣ мекунанд, низ зери об монд ва аксарияти мардум бехонаву ҷой шуданд. Аз тамоми минтақаҳои Қазоқистон мардум омада, кӯмак карданд. Давлат дар муддати кутоҳ деҳаро аз нав барқарор кард, аввал манзилҳои одамон бунёд шуданд, баъд иншооти иҷтимоиву маъмурӣ. Ин «Дастархони Дӯстӣ» посухе ба меҳрубониҳои Қазоқистон ва мардуми он буд.
Дар ин чорабинии ташкилнамудаи мо муовини президенти Қазоқистон Марат Азилхонов иштирок ва суханронӣ намуданд. Вақте дар ҷараёни ин чорабинӣ мо ба муйсафедони қазоқ ҷомаву тоқии тоҷикӣ пушонидем ва қазоқон ба муйсафедони тоҷик ҷомаву тоқии қазоқӣ пушониданд, Марат Азилхонов инро рамзи беҳтарини дӯстӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, аввалин маротиба Форуми ҷавонони тоҷиктабори Қазоқистонро ташкил кардем, ки дар он низ муовини президенти Қазоқистон Марат Азилхонов ҳузур доштанд.
Ба тамоми минтақаҳо сафар карда, бо тоҷикон мулоқотҳо анҷом додем, мусобиқаҳои варзишӣ ташкил намудем, корҳои хайриявиро тақвият бахшидем ва ҳамаи ин барои таҳкими ҳамбастагӣ анҷом дода шуд.
Баъди ин ҳама корҳо, дар рӯзи ҷашни давлати Қазоқистон 5 нафар тоҷикони барӯманд бо медалҳои фахрии давлати Қазоқистон сарфароз гардиданд, ки ин ифтихори мо аст.
– Ҳоло дар Қазоқистон тағйиротҳои ҷиддии сиёсӣ ҷараён доранд. Ин тағйиротҳо то чӣ андоза ба фаъолияти маркази тоҷикон ва умуман, намояндагони миллатҳои ғайриқазоқ таъсир мерасонад?
– Тағйиротҳо воқеан хуб ҷараён доранд ва ба ҳукумат аслан ҷавонҳо омада истодаанд. Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳам бештар ба ҷавон таваҷҷуҳ доранд. Ҳоло бисёре аз вазирҳо, ҷонишини вазирҳо, раисон, ҷонишини раисон, ҷавонҳо ба мансабҳо таъйин гардида истодаанд. Вакилҳои ҷавон ҳам бисёр шудааст. Ҳатто ба ҳайати шурои Ассамблеяи халқи Қазоқистон ҳам ҷавонон омада истодаанд.
Ҳамаи ин тағйиротҳо барои беҳбудии халқ аст. Халқ гуфта ҳамаи он шаҳрвандоне, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунанд, дар назар дорам. Инро ман аз дохил мушоҳида мекунам.
– Дар хусуси ояндаи зиндагонии тоҷикон дар Қазоқистон чӣ андеша ё умедворие доред?
– Аз забони Мавлавии бузург мехоҳам гӯям:
Назарро нағз кун то нағз бинӣ,
Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.
Ҳамон тавре, ки дар муддати кутоҳе маркази тоҷиконро бо дили бузурге таъсис додем ва навгониҳои зиёдро роҳандозӣ намудем, минбаъд низ бо ҳамин рӯҳия корро барои беҳбудии зиндагии тоҷикон, ҳамгироии миллатҳо ва дӯстии давлатҳоямон идома медиҳем.
Ҳамчунин, талош мекунем, соли оянда барои таҷлили бошукуҳи 30-солагии барқароркунии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон саҳми худро гузорем.