spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қирғизистон фазояшро барои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон боз кард

Қирғизистон барои истифодаи ҳарими ҳавоии худ ҷиҳат парвози ҳавопаймои масири Душанбе-Урумчӣ иҷоза дод. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин масъала то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

"Мақомоти авиатсионии Қирғизистон як рӯз пеш, 3 феврал барои истифода аз қаламрави худ ба ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” иҷоза доданд", — гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс”.

Ба иттилои манбаъ, иҷоза барои истифода аз фазои ҳавоӣ ҳангоми анҷоми парвози нав дар масири Душанбе-Урумчӣ ва басомади иловагии парвоз дар масири Душанбе-Новосибирск дода шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоӣ бо истифода аз ҳарими ҳавоии Қирғизистон ба Алма-Ато ва Новосибирск парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад”, – шарҳ дод ширкати ҳавопаймоӣ.

Бино ба иттилоъи Оҷонсии авиатсияи граждании Қирғизистон, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дархост кардааст, ки аз 8-уми феврал то 21-уми марти соли 2023 барои парвозҳо дар масири Душанбе – Урумчӣ – Душанбе ва ҳамчунин 5-уми феврали соли 2023 барои парвоз дар масири Душанбе – Новосибирск иҷоза диҳад.

Парвозҳо, тавре аз Агентӣ қайд карданд, дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қирғизистон ба парвозҳои “Душанбе-Урумчӣ” тариқи ҳарими ҳавоияш ҳоло иҷозат надодааст

Абдулқосим Валиев, раиси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвози ҳавопаймоҳои Душанбе-Урумчӣ аз 8-уми феврал аз сар гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи майи соли 2021 барои вуруд/хуруҷ, будубош, рафту омад ва транзити шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ шуда буд.

Маҳдудиятҳои зикргардида дар пайи муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷорӣ гардида буд. Моҳи апрел ва баъдан сентябри соли 2022 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ду маротиба бархӯрди мусаллаҳона сари баҳси марзӣ рух дод, ки дар пайи он аз ҳарду ҷониб ҷандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

Пас аз ин муносибати ҳарду кишвар ба сардӣ гароид ва ҳар гуна равобит қариб пурра қатъ гардид. Бо гузашти чанд муддат, ҷонибҳо ба сари мизи музокирот нишастанд ва аз хоҳиши худ ҷиҳати ҳалли дипломатии баҳсҳо сухан гуфтанд. Чанд вақти охир чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо равобитро аз нав ва ба охистагӣ барқарор кардан мехоҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...