spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Дипломатияи мардумӣ”. Василае барои ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон?

Як рӯҳонии қирғиз аз сокинони навоҳии наздимарзӣ дар Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки метавонанд дар масҷидҳои онҳо намоз гузоранд.

Ин нукта дар як мулоқот миёни сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва деҳаи Самарқандаки Кирғизистон таъкид шудааст.

Машраббой Ашӯров, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гуфт, ин вохӯрӣ 9 январи соли ҷорӣ дар масҷиди маҳаллаи “Сомониёни поён” баргузор гардид.

Ба гуфтаи ӯ, рӯҳонии қирғиз таъкид намудааст, ки тоҷикон бемалол дар масоҷиди онҳо метавонанд ҳамроҳашон намоз гузоранд ва ӯ замонат додааст, ки касе ба онҳо халал намерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Машраббой Ашӯров

Таҳлилгарон инро ба сифати дубора кор кардани институти “дипломатияи мардумӣ” медонанд, ки барои ҳалли муноқишаҳо хеле коромад аст.

Вақте дар рӯзи ҷумъа масҷид мавриди ҳамла қарор гирифт…

Даъвати рӯҳонии қирғиз дар ҳолест, ки дар муноқишаи 16-уми сентябри соли гузашта масҷиди панҷвақтаи ҷомеъи маҳаллаи Холесони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ мавриди ҳамлаи мушак қарор гирифт.

Абдуҳомид Каримов, сокини ин маҳалла ҳодисаи онрӯзаро чунин шарҳ дод:

“Дар рӯзи ҷумъа, бародарони қирғиз чунин бераҳмиро бар масҷиди мо раво диданд. Он рӯз мо намози бомдодро соати 5:20 субҳ гузоштем, яъне як соат пештар аз вақти Кирғизистон. Хушбахтона, миёни мо вақт фарқ мекунад, вагарна дар ин масҷид, ки аз 150 то 200 нафар намоз мегузоранд, вақти намоз мушак партофта мешуд, мумкин аст, нисфи намозхонҳо ҷароҳати вазнин мебардоштанд”, – гуфт Абдуҳомид Каримов.

Муноқишаҳои солҳои охир ҳамзистии муштарак ва зиндагии осоиштаи сокинони навоҳии наздимарзи ҳарду кишварро ба мушкил мувоҷеҳ кард. Аммо одамон мутмаинанд, ки ду ҳамсоя муддати тӯлонӣ наметавонад бо ҳам дар ҳолати низоъ қарор дошта бошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуҳомид Каримов

Зимнан, то шурӯи ин муноқишаҳо сокинон ғаму шодиро бо якдигарфаҳмиву ҳамсоядории нек пушти сар мекарданд. Аммо пас аз ҳаводиси  апрели соли 2021 рафтуомад ва додугирифти онҳо бо ҳамин аз миён рафт.

Машраббой Ашӯров ҳам таъкид мекунад, то замони муноқишаҳо онҳо дар масоҷиди ҳамдигар намоз мегузоштанду рафтуомад доштанд ва дар фазои осоиштаву рафоқату дӯстӣ ба сар мебурданд.

“То замоне дар марз низомиҳо ҳастанд…”

Камолиддин Собиров, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба толибилмон аз фанни забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 ин маҳал дарс мегӯяд. Мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №64 маҳаллаи Сомониён дар муноқишаи моҳи сентябри соли гузашта пурра оташ гирифт ва ҳоло барқарорсозии бинои оташгирифта ва сохтмони бинои нави дуошёна бо 7 синфхона ҷараён дорад.

Камолиддин Собировро 18-уми январи соли 2023 замоне дарёфтем, ки нав аз ҷарроҳии чашм баргашта буд. Ӯ 16-уми сентябри соли 2022 дар муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар натиҷаи таркиши мушак дар манзили истиқоматиаш аз қисмати дасти рост ва чашми росташ захм бардоштааст.

Ин бори дуввум будааст, ки дар муноқишаҳо захмӣ мешавад. Бори аввал соли 2021 гурӯҳи ҷавонони қирғиз ба вай ҳамла оварда буданд ва ҷароҳат бардошт.

“Дар муноқишаи охир, 16-уми сентябри соли гузашта мушак ба ҳавлиам дар маҳаллаи Сомониён афтод ва аз қисмати дасти ростам ва чашми тарафи рост захм бардоштам. Дар беморхонаи бемориҳои чашм дар Хуҷанд ҷарроҳиро паси кардам. Шукр мекунам, ҳоло биноиям барқарор мешавад”, – мегӯяд Камолиддин Собиров.

Камолиддин Собиров бо забони қирғизӣ озодона ҳарф мезанад ва аз замони хурдсолиаш то соли 1986 дар деҳаи Самарқандак миёни қирғизҳо кору зиндагӣ кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камолиддин Собиров

Мегӯяд, дар гузашта бо қирғизҳо муносибати неки ҳамсоядорӣ доштанд. Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилро ба таври зайл мебинад:

“То замоне, ки дар марз низомиҳо ва мардуми дигар минтақаҳо ҳастанд, тинҷиву оромӣ ҳукмфармо намегардад. То вақте онҳо нараванд, мушкил ҳал намешавад. Бояд онҳо бираванд. Агар барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ милисаҳо дар ду сӯи марз боқӣ монанд, басанда аст” – меафзояд Камолиддин Собиров.

Зимнан, ба гуфтаи таҳлилгарон, маълум нест, ки ин машварат то куҷо амалишуданист. Ба ҳар ҳол, гап дар бораи ҳифзи сарҳади ду давлати мустақил меравад. Роҳи ҳалли нисбатан муваффақ дар фаъол кардани институти “дипломатияи мардумӣ” арзёбӣ мешавад. Дар ин робита чӣ доштем ва боз чӣ метавон кард?

Аз "Оши дӯстӣ" то дӯстии Раззоқову Ғафуров

Деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва дар чанд соли охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ мешавад.

Баъди муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи январи соли гузашта дар марзи ду кишвар, моҳи феврал дар навоҳии наздимарзӣ мулоқоти мӯйсафедон ва пирони ду кишвар сари як дастурхон баргузор гардид. Онҳо бо ҳам оши палав тановул карданд ва он маросимро “Оши дӯстӣ” ном гузоштанд. Гуфта шуд, ки дар фазои осоиштаву дӯстиву рафоқат зиндагӣ кардан мехоҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуҷаббор Досов

Абдуҷаббор Досов, вакил ва собиқ муовини раиси маҷлиси (кенгеш) маҳаллии деҳаи Қулундӣ, ки дар ин маросим ширкат мекард, изҳор дошт, ки мардуми ду кишвар ҳамеша бо ҳамдигар аҳлона зиндагӣ доштанд.

“Мо бояд фаромӯш накунем, ки кишварҳои мо дорои таърихи қадима ҳастанд ва аз ҳар ду ҷониб ҳам намехоҳанд, ки ҷангу ҷанҷол аз ин бештар авҷ гирад”, – гуфта буд Абдуҷаббор Досов.

Рустам Рӯзибоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам мегӯяд, ки мардумони ду ҷониб фарзандони бузургро тарбият кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Рӯзибоев

“Мо ҳаргиз Исоқ Раззоқовро фаромӯш намекунем, ки замони бачагиву наврасӣ ва таҳсилашро дар Хуҷанд гузаронидааст. Вай аз дӯстони наздики фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров буд. Имрӯз Исоқ Раззоқов аз лидерони миллии Қирғизистон бошад, Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон аст”, – таъкид намуд ӯ.

Ба нақли Рӯзибоев дар гузашта мунтазам сафарҳои ҳунарии санъаткорони ду кишвар доир мешуд, намоиши ҳунармандон мегузашт ва синамогарон филмҳо аз дӯстии ду халқ мебардоштанд.

– Мо бозорҳои муштарак доштем, савдо хуб буд. Мардуми ҳарду кишвар аз тиҷорат даромади хуб ба даст меоварданд. Мо хостори онем, ки сарҳадҳо боз шаванд ва мардум рафтуомад кунанд, – зикр кард Рустам Рӯзибоев.

Журналисти варзида ва коршиноси масоили марзӣ Неъматулло Мирсаидов низ мегӯяд, ки таҳлили муноқишаҳои охир нишон дод: то муносибати байни мардум хуб нашавад, вазъ дар умум тағйир намеёбад:

– Аксар коршиносон сарчашмаи асосии муноқишаҳо дар минтақаро дар кам будани захираҳои обу замин медонанд, вале ба таври равшан мебинем, ки муносибат миёни мардум ҳам камранг мешавад ва ҳалли масъалаҳо тариқи дипломатияи мардумӣ аз байн меравад. Камрангии дипломатияи мардумӣ эътимоду боварӣ ва ҳамдигарфаҳмиро аз байн бурдааст”, – таъкид мекунад Неъматулло Мирсаидов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Неъматулло Мирсаидов

Ӯ мутмаин аст, ки аз нав ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва рушди тиҷорати марзӣ, рафтан ба маъракаҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани чорабиниҳои муштарак ва рӯй овардан ба “институти мӯйсафедон” заминагузори ҳамзистии осоиштаи мардуми ду ҷониби марз хоҳад буд.

(Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи DW Akademie, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии федеролии Олмон (Auswärtiges Amt) маблағгузорӣ мешавад, омода гардидааст. Андешаҳои дар ин мақола баёншуда маводи муаллифӣ буда, нуқтаи назари Deutsche Welle/DW Akademie-ро инъикос намекунанд).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...