Дар Душанбе рӯзҳои 16-17 май Конфронси панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим баргузор мешавад. Дар доираи ин чорабинӣ масоили коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба он дар соҳаҳое чун обу энергетика, ғизо ва муҳити зист баррасӣ мешаванд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ҳалли саривақтӣ ва ҳамгирошудаи онҳо метавонад барои ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам аз нигоҳи устувории экологӣ, иқлим ва ҳам рушди иқтисодию демографӣ муҳим бошад.
Ба ақидаи онҳо, тағйирот дар системаҳои экологӣ, обшавии пиряхҳо, хушксолиҳои пай дар пай ва дигар офатҳои табиӣ аз зарурати андешидани чораҳои таъҷилӣ барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об шаҳодат медиҳанд.
Тоҷикистон дар чунин ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018-2028), дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба SDG 6 ва Ҳадафҳои он: ноил шудан ба дастрасии ҳамагон ба об ва санитария пешсафӣ нишон дод.
“Фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ бомуваффақият мутобиқ карда шавад. “Ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо бояд ба баррасии мутавозин ва прагматикии манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ва такмили заминаи институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ асос ёбад.
Барои таъмини устувории иқлим мо бояд ба рушди инфрасохтори мувофиқ ва идоракунии захираҳои табиии фаромарзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем”, – зикр мешавад дар хабари Кумита.
Дар кори конфронс аз иштироки намояндагони ваколатдори вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, тоҷирон, коршиносон, шарикони байнулмилалии рушд, бонкҳои рушд, иттифоқҳои ҷавонон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар самти тағғйирёбии иқлим фаъолият мекунанд, интизорӣ меравад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар кори конфронс инчунин иштироки намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ дар назар аст.