spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ИМА барои кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ то 120 ҳазор доллар ҷудо мекунад

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор доштанд, ки ҷиҳати ҷудо кардани то 120 ҳазор доллар барои кор бо ҷавонони англисидон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Дар шарҳи грант, ки Russian Today (RT) бо он шинос шудааст, дар навбати аввал доир ба робитаи мутақобила бо мактабхонҳои синфҳои болоӣ ва донишҷӯён сухан меравад. Лекин барои иштирок дар ин ташаббус рӯзноманигорону блогерон ва намоянядагони мақомоти давлатии маҳаллӣ ва коршиносон ҳам даъват шуда метавонанд.

“Дар доираи барнома онҳо бо авлавиятҳои сиёсати хориҷии ИМА дар Осиёи Марказӣ шинос шуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки бо ҳамсолони худ масоили муҳиму рӯзмарра дар саросари минтақаро баррасӣ кунанд. Аз ҷумла масоили иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди тиҷорати минтақавӣ ва дурнамо барои сармоягузорӣ ва савдои ИМА, таҳдидҳои умумӣ ба минтақа дар соҳаҳои экология, ҳуқуқи инсон, амният бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои террористӣ”, – зикр мешавад дар санад.

Ҳадафи аслии ташаббуси “Шӯрои ҷавонони С5+1” рушди шабакаи минтақавии “пешвоҳои ҷавон” унвон мешавад, ки ба рушди афзалиятҳои платформаи дипломатии "С5 + 1" саҳм мегузоранд.

Мушаххас шудааст, ки "С5+1" як "равиши умумидавлатии ҳукумати ИМА ба Осиёи Марказӣ" аст, ки ҳамкориро бо панҷ кишвари ин минтақаи бузург – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба амалисозии барномаи мазкур, ки ИМА ба он омода аст, набояд аз 120 ҳазор доллар зиёд бошад.

Бино ба маълумоти ҳукумати ИМА, Вашингтон ин лоиҳаро аз соли 2015 маблағгузорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...