spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Мо як халқем”. Ҳаёти тоҷикон дар Қазоқистон чӣ гуна аст?

Моҳи апрели соли равон Акбарҷон Исмоилов, намояндаи ҷамъияти тоҷикон дар Қазоқистон муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон таъин шуд. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ӯ дар бораи ҳамгироии тоҷикон ба фарҳанги Қазоқистон изҳори назар кард.

Дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад. Аксарият авлоди онҳое мебошанд, ки ҳанӯз дар солҳои 1930 ба Қазоқистон кӯчида буданд. Тоҷикон асосан дар ҷануби кишвар ба сар мебаранд, масалан, деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистон асосан аз тоҷиконе иборат аст, ки аз вилояти Кӯҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба он ҷо кӯч бастаанд.

Инчунин, дар Қазоқистон тоҷиконе, ки чанде пеш ба ин кишвар кӯчидаанд, низ кам нестанд. Бино ба иттилои Azattyq, муҳоҷирони мо низ ин ҷо зиёданд – соли 2022 беш аз 300 ҳазор тоҷикистониён ба Қазоқистон омадаанд.

Барои Қазоқистон, ки кишвари гуногунфарҳанг аст, масъалаи ҳамзистии осоиштаи халқҳо яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра мебошад.

Дар ҳалли ин масъала Ассамблеяи халқи Қазоқистон, ки ба сифати сохтори беназире барои таҳкими ваҳдат дар кишвар хидмат мекунад, нақши муҳим дорад.

Он ҳамаи халқҳои Қазоқистонро муттаҳид намуда, барои пешгирии табъиз тадбирҳо меандешад. Роҳбарии Ассамблея ба дӯши президент Қосим-Жомарт Токаев вогузор шудааст.

Ҷаласаи Ассамблеяи халқи Қазоқистон

Моҳи апрели соли 2023 Акбарҷон Исмоилов, як тоҷики муқими Қазоқистон муовини раиси Ассамблея шуд. Ӯ ҳамзамон ба Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикони Қазоқистон раҳбарӣ мекунад, ки ҳудуди 100 ҳазор тоҷикро муттаҳид мекунад.

Ин Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикон як сол пеш ифтитоҳ шуда, аммо дар ин муддати кӯтоҳ зери раҳбарии Исмоилов тавонист ба таври қобили мулоҳиза рушд кунад. Дар тамоми Хонаҳои дӯстӣ намояндагиҳои тоҷикон ва дар минтақаҳо ёздаҳ филиали иттиҳодияҳои этникӣ фаъолият доранд.

Ҳамин тариқ, тоҷикони этникӣ бо нигоҳ доштани робита бо ватани таърихии худ ба фарҳанги Қазоқистон ворид ва ҳамгиро мешаванд.

Акнун Исмоилов метавонад аз таҷрибаи роҳбарии Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикон ба ҳайси муовини раиси Ассамблея истифода кунад. Дар доираи вазифаи нав Исмоилов ба мақомоти Қазоқистон дар бораи шароити зиндагии сокинони маҳаллӣ маълумот расонида, сипас дар беҳбуди онҳо мусоидат менамояд.

Акбарҷон Исмоилов

Дар бораи худи номи Ассамблея Акбарҷон Исмоилов таъкид мекунад, ки онро дуруст талаффуз кардан лозим аст. Зеро натанҳо дар бораи грамматика сухан меравад, балки ин ном инчунин маънои фарҳангӣ дорад.

“Таваҷҷуҳ диҳед, дурусташ  – Ассамблеяи халқи Қазоқистон. Бархе ҳангоми гуфтани “халқҳо” хато карда метавонанд. Аммо халқҳо нестанд, мо як халқем. Мо ҳама миллатҳо як халқ ҳастем, дар дӯстиву рафоқат зиндагӣ мекунем”, – гуфт Акбарҷон Исмоилов.

Ба гуфтаи Исмоилов, дар кишварҳои ҳамсоя ниҳоди ба ин монанд вуҷуд надорад.

“Ваҳдати мардум дар ин ҷо сарвати асосӣ аст”

“Бо нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, иртиботи таърихӣ бо ниёгони худ забони давлатиро аз худ кардан лозим аст, – шарҳ дод Акбарҷон. — Қазоқистон ҳамчун давлат ба ҳар як миллат имконият дод, ки забону фарҳанги худро омӯзанд. Ва дар посух ба ин мо, дигар миллатҳо, қазоқиро меомӯзем. Ман худам ва бисёре аз тоҷикони ин ҷо забони қазоқиро медонем. Мо дар ин ҷо ба дунё омада, ба воя расидаем ва дар ин муддат ба низоъҳои байни миллатҳо дучор нашудаем. Дар ин ҷо ягонагии халқ сарвати асосӣ мебошад”.

Акбарҷон мегӯяд, дар Қазоқистон ҷавонони миллатҳои гуногун ба кори хидмати давлатӣ фаъолона ҷалб мешаванд: “Ҷавонон ба хидмати давлатӣ меоянд. Аллакай бисёр корҳо анҷом дода шуданд ва ҳамроҳи онҳо боз ҳам бисёртар навгониҳо мешаванд”. Худи Акбарҷон низ ҷавонтарин муовини раис дар таърихи Ассамблея аст – мансаби навашаро ба ӯ дар синни 35-солагӣ доданд.

Мулоқоти Қосим-Жомарт Тоқаев бо муовинони худ

Ӯ инчунин дар бораи ислоҳоте, ки ҳоло дар Қазоқистон ҷараён дорад, изҳори назар кард, зеро дар ҷараёни ин дигаргуниҳо ба Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Он воситаҳои нави намояндагии парламентиро ба даст оварда,  ба ҳалли вазифаҳои рушди стратегии давлат ҳамаи миллатҳо ҷалб карда шуданд.

Ба мавзӯи ислоҳот охири моҳи апрел дар суханронии президенти Қазоқистон дар иҷлосияи охирини Ассамблея низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. “Ассамблея дар навсозии сиёсии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозид. Он ба тавсеъаи дастгирии ислоҳот аз ҷониби ҷомеа, ҳалли вазифаҳои стратегии рушди давлат бо ҷалби ҳамаи миллатҳо мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, Қазоқистон дар муҳити геополитикии худ ягона кишваре гардид, ки чунин дигаргуниҳои амиқро амалӣ мекунад”, – гуфт Тоқаев.

“Шаҳрвандонеро, ки дар Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон кор мекунанд, метавон сафирони ваҳдат номид. Бовар дорам, ки ҳамаи шумо ин рисолати муҳимро бошарафона иҷро хоҳед кард”, – афзуд ӯ.

Quote Icon

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...