Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Коршинос: “Масофагирии иҷтимоӣ аз муносибатҳои шахсӣ ба робитаҳои байнидавлатӣ мегузарад” - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Коршинос: “Масофагирии иҷтимоӣ аз муносибатҳои шахсӣ ба робитаҳои байнидавлатӣ мегузарад”

15
15

Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки пас аз CОVID-19 ҷаҳон ҷиддан тағйир меёбад. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус ҳамаи одатҳои иҷтимоии одамонро сар аз риояи истеъмоли ғизои парҳезӣ то парвозҳои байнулмилалӣ тағйир медиҳад.

Сиёсатшинос мутмаин аст, ки мафҳуми нави “масофагирии иҷтимоӣ” тадриҷан аз муносибатҳои шахсӣ ба робитаҳои байнидавлатӣ мегузарад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
СҶТ: авҷи бемории COVID-19 ҳоло дар пеш аст

“Рӯйдодҳои воқеӣ гувоҳи онанд, ки давлатҳои як иттиҳоди минтақавӣ ба кумаки саривақтӣ ба ҳамсояҳои осебдида шитоб надошта, абарқудратони ҷаҳон – ИМА ва Чин ба ҷойи муттаҳидсозии талошҳо баҳри муборизаи глобалӣ бо ин пандемия, ба гунаҳкор кардани ҳамдигар машғуланд. Дар ҷараёни конфронсҳои видеоӣ заифии сохторҳои СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ошкор шуд, ки дар мубориза бо ин мушкили сартосарӣ ба фаъолият дар ҷаҳони виртуалӣ маҷбуранд”, – таъкид дошт ӯ.

Коршинос мутмаин аст, нишондиҳандаҳои манфии афзоиши ММД дар саросари дунё, ки талафоти имконпазир бо рақамҳои ҳангуфт арзёбӣ мешаванд, имкони хушбиниро нисбат ба  давраи баъди пандемия коҳиш медиҳанд, зеро “кӯрпакашӣ” ба ҷониби худ таҷрибаи маъмулӣ мешавад.

Мадазимов қайд кард, ки “агар дар моҳҳои гарми тобистон хуруҷи беморӣ хотима наёбад, тирамоҳи имсол моро мавҷи дуюми оммавии пандемия мунтазир аст”.

“Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарони кишварҳо барои дар ниҳояти кор роҳандозӣ кардани муборизаи муштарак бар зидди ин “вабои асри XXI”, аз ҷумла таҳияи ваксина, истеҳсоли оммавӣ, ба ҳамаи гӯшаву канори дунё расонидани он ва эмгузаронии сартосарӣ ҳамагӣ 100-150 рӯз вақт доранд”, – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, “пандемия возеҳу аён нишон дод, ки сарфи назар аз дастовардҳои гуногуни илмиву техникӣ бо шумули зеҳни сунъӣ, инсон то ҳол як қисми ҷудонашавандаи табиат боқӣ мемонад, ки набояд нисбат ба он озмоишҳои бераҳмона гузаронад, балки қонунҳояшро риоя бикунад”.

“Ҷаҳонишавии минбаъда пеш аз ҳама, ба дастоварду нокомиҳои мубориза бо пандемия вобаста аст. Ҳамоҳангсозии талошҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зери сарварии як ё гурӯҳи кишварҳои абарқудрат ё созмонҳо (СММ, СҶТ ва ғайра) оид ба рафъи пандемия ва оқибатҳои он ба идомаи муваффақонаи ҷаҳонишавӣ имкон медиҳад. Дар акси ҳол, ҳар кадоме аз кишварҳо дар “гӯшаҳои миллии худ пинҳон шуда”, иқтидори пурра ва гаронии зарбаҳои “тақдиру табиат”-ро ҳис ҳоҳад кард”, – афзуд сиёсатшинос.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...