Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сайфиддин Давлатзода: “Ба гуфтани касе нуфузи донишгоҳҳои мо коста нашудааст” - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сайфиддин Давлатзода: “Ба гуфтани касе нуфузи донишгоҳҳои мо коста нашудааст”

16
16

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода дар робита ба тасмими вазорати маорифи Ӯзбекистон, ки донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон бозхонд, ибрози андеша кард.

“Бигзор Донишгоҳи давлатии Бохтар минтақавӣ бошад, вале Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ донишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аст ва дар сатҳи омӯзгор тайёр кардан аввалин аст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат ҳам дар ҳамон руйхат ҳаст. Агар сифати таҳсилот дар ин донишгоҳҳо паст мешуд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аккредитатсияи байнулминалӣ мегирифт?”- изҳор дошт Сайфиддин Давлатзода.

Вай афзуд: “Дар ҳамон шабу рӯз Агентии аккредитатсионии озоди Остона дар шаҳри Душанбе буд. Ман барои аз аккредитатсия гузаронидани 3 ихтисос вохӯрӣ доштам. Директор гуфт, ки “намедонам, чӣ хел мешуда бошад”. Сиёсати давлату давлатдории мо он нест, ки мо пурра кадрҳоро дар мактабҳои олии худамон тайёр кунем. Ҳар сол зиёда аз 1000 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар мераванду таҳсил мекунанд. Гашта меоянду мо кадри тайёр мегирем. Назару ҷаҳонбиние, ки онҳо доранд, фарқ мекунад. Он ҷо таҳҷизоту муҳит ва коллектив дигар аст”.

МЕДИА (IFRAME)

“Фикр мекунам, ки ин масъалаи дохилии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон набуда, вазоратҳои дахлдори ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳастанд. Омодасозии кадрҳо сиёсати дохилии ин давлатҳост. Хоҳанд, дару девори мо кушода аст, талаботи мо ҳамин аст. Мо чун донишҷӯйи худамон эҳтиром мекунем. Онҳо имтиёзи кам аз дониҷӯёни мо надоранд. Имрӯз дар донишгоҳи мо 240 нафар донишҷуёни хориҷӣ таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод 8 нафар хатм карданд. Кадоме аз онҳо барои хобгоҳ муроҷиат кардааст, таъмин кардем. Мо хизматрасонии дигари аудиторӣ барои онҳо ҷудо накардем. Ҳамаи он ҳуқуқе, ки донишҷӯйи тоҷик дорад, донишҷӯёни хориҷи кишвар низ аз он бархурдоранд. Мо онҳоро ҷудо накардаем”, – таъкид сохт ректор.

Дар ҷамъбасти суханронияш Сайфиддин Давлатзода гуфт: “Ин масъала баҳсҳои соҳавиро талаб мекунад. Ба гуфтани касе нуфузи Донишгоҳи давлатии Бохтар ё Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон коста нашудааст”.

Ёдовар мешавем, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода низ рӯзи 17-уми июл дар нишасти хабарӣ ҳисоботи Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дар он 8 мактаби олии Тоҷикистон ба рӯйхати муассисаҳои таълимии номақбул барои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дохил карда шудаанд, ғайривоқеӣ номид.

“Ин рақобати носолим аст”, – изҳор дошт вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...