Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Баҳманёр... адибе одаму оламшинос - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баҳманёр… адибе одаму оламшинос

22
22

Овораи дарс будам, ки нуричашмӣ Масрурҷон занг заду гуфт “Баҳманёр ҳам рафт…”. Нависандае даргузашт, ки аз даврони донишҷӯӣ ҳар навишторашро мисли ташнае, ки ҷӯёи об аст, меҷустему меёфтему мехондем…

Адибе, ки ҳазор-ҳазор хонанда дошт, маҳбубияти хос миёни ошиқони каломи бадеъ дошт… Нависандаи тозагӯву тозаназар, бо тасовири шартиву рамзиаш зиндагиро аз равзанае ба мо менамуд, ки қаблан ба он равзана дастрасӣ надоштем. Кайҳонеро дар деҳаи хурде таҷассум мекард… Ҳунари волои устурасозӣ дошт…

Гарчи турбати покаш дар пантеони миллӣ раҳ наёфт, аммо дар қалби мардум ёду хотироти некаш сахт ҷо гирифта… Мазораш дар синаҳои мардум хоҳад буд…

Бузурге гуфта, ки зиндагӣ чун саҳнаи театр аст, чӣ қадар намоиш давом мекунад, аҳаммияте надорад, муҳим ин аст, ки ҳунарпеша чӣ нақши хотирмоне меофарад. Баҳманёр ҳам дар театри зиндагӣ нақше офариду рафт, аммо чӣ нақши зебое…

Солҳои дар телевизион буданам барномаҳои адабӣ омода мекардам ва баъди хондани романи “Ғавғо ва ғазаб” ва ду маҷмӯаи ҳикоёти адиби маъруфи амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соли 1949 Вилям Фолкнер хостам роҷеъ ба ин нависандаи воқеан ҳунарманди модернист барномае созам. Қабл аз ин, суҳбати ҷолибе бо Абдуқодири Рустам оид ба эҷодиёти адиби машҳури ҷопонӣ Акутагава доштам ва одамони зиёде зангам зада, таассуроти неки хешро баён намуданд. Аз таассуроти бисёр касони мафтуни адабиёти асил хулосае бардоштам, ки маҳз осори адибони навгарову навҷӯ таваҷҷуҳи ононро ба худ мекашад.

Адиби "якрав"

Бо устод Баҳманёр дар ин мавзӯъ суҳбат кардем. Тақрибан якуним соат. Пурсукови банда қабл аз ин суҳбат ва баъди он дар ҳайратам гузошт: Баҳманёр анқариб тамоми осори ин нависандаро, ки аз якчанд маҷмӯа ва 19 роман иборат аст, пурра хонда будаанд… 19 роман танҳо аз як адиб! Қабл аз ин ҳам огоҳ будам, ки Баҳманёр хеле сермутолиа аст, аз осори нависандагони зиёди равияҳои нав огоҳ аст…

Аз суҳбати нахуст дарёфтам, ки чун ҳама эҷодкорони асил як навъ “якравие” дорад: бастани галстукро рад кард… “Бе ин ҳам дасти зиндагӣ дар гулӯямон аст, боз ин чӣ лозим…”. Дубора хоҳиш кардам, посух қатъӣ буд: ё ман ё галстук… (Намедонам, ҳоло чи вазъе бошад, вале он солҳо бастани галстук дар телевизион ҳатмӣ буд…). Ҳамин тавр гузаштем аз баҳри галстук ва нишастем рӯ ба рӯ… Худораҳматӣ одати аҷибе доштанд, ки агар андаке ба фикр раванд, “лай-лай-лай”-гӯён садое мекарданд. Баъди ҳар пораи суҳбат ин садо такрор мешуд… Вақти коркард ё тавре мегӯянд, монтажи барнома тақрибан ду соат лозим шуд, ки ин садоҳо ҳазф шавад…

Қадри зар заргар бидонад, гуфтаанд. Аз он суҳбат ва гуфтугӯҳои баъдӣ дарёфтам, ки Баҳманёр ба осори нависандагоне таваҷҷуҳ дорад, ки воқеан кашшофи розҳои одамианд ва ҳаётро ба гунае дигар тасвир мекунанд. Ҳамон тавре ки Ҷон Олдриҷ дар ҳаққи Фолкнер гуфтааст: “Ӯ танҳо буду дар танҳоӣ эҷод мекард, мисли як боғбон. Ончунон бо муҳаббат эҷод мекард, ки осораш тахайюли миллионҳо одамони соҳибандешаро то кунун таҳрик мебахшад…”.

Баҳманёр ҳам чунин эҷодкор буд. Фикр намекунам, ки эҷодиёташ куҳнагӣ пайдо кунад… На, замону макони бадеии Баҳманёр баъди садҳо сол ҳам ҳамон гунае хоҳад буд, ки имрӯз ҳаст… Нақшҳои ҳунариаш мондагор хоҳанд буд. Гарчи таърих хислати софкорӣ дорад, кам адибоне аз як қарн ба қарни дигар мегузаранд… Асри 11 чаҳорсад шоири соҳибдевонро медонад, вале имрӯз ба ҷуз се-чор нафар дигаронро танҳо мутахассисони нақд ба ёд меоранду бас…

Нависандае бо сабки хос

Баҳманёр дар радифи нависандагони дорои сабки хос (фаразан, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Сайф Раҳимзод, Абдуқодири Рустам, Абдулқодири Раҳим, Аброри Зоҳир ва дигарон) қарор дорад, ки эҷодашон ҳам аз сарчашмаи мусаффои адаби классикӣ ва ҳам равияву ҷараёнҳои тозаи адаби ҷаҳонӣ маншаъ гирифтаанд. Образнок гӯем, инҳо ҳар яке барои худ як воҳаи сабзу хуррамеро дар сарзамини насри бадеии тоҷикӣ ба вуҷуд овардаанд ва рангорангии насри муосири мо, қаробати маънавӣ ва ҳунарӣ пайдо кардани ин наср бо насри классикии форсии тоҷикӣ аз шарофати тозаҷӯиҳои онҳост.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Солҳои навҷавонии мо, нимаи дувуми солҳои 80-ум, устодони сухан ӯро ҳамчун “қаламкаше, ки умедбахш аст ва адабиёти тоҷик аз ӯ чизҳои зиёдеро интизор аст” муаррифӣ мекарданд. Ҳамин гуна шиносоӣ солҳои сол дар нақди адабӣ маъмул буда, ба як навъ қолаби андеша табдил ёфта буд. Ӯ на фақат умедҳои адабиётро бароварда кард, балки ба сари он тоҷи шуҳрат ҳам ниҳод. Солҳои донишҷӯӣ ҳар ҳикояти навчопашро бо шавқ мехондем ва бо ҳамон маърифати андакамон ҳис мекардем, ки ӯ “дигаргуна” менависад, на фақат тарзи баён, балки нигоҳаш ба олами ашё, ба ҳаводиси зиндагӣ, ба гирудори ботини инсон дигар аст…

Паргори андешаи адиб асосан гирдогирди деҳа ва одамони наҷиби он тоб мехӯрад, мисли Василий Шукшин. Дар нақди шӯравӣ ин гуна адибонро намояндагони “насри деҳа” (деревенская проза) мегуфтанд, аммо насри Баҳманёр аз чаҳорчӯби ин истилоҳи маъмули адабӣ берун меравад, фазои бозтаре дорад. Ӯ аз ибтидои фаъолияти адабӣ бо сабки хосе ба саҳнаи адабиёт омад ва то ахир ба ҳамон рӯҳияву мавқеъ содиқ монд. Ин сабк мунҳасир ба фардияти ӯст, агар зери мафҳуми сабк василаи худбаёнгарии адиб, мутобиқати комили муаллиф ва ноқил, ифодаи рӯшани“ман”-и адибро ба эътибор дошта бошем.

Ҷиҳатҳои ҳунари нависандагии Баҳманёр

Ду ҷиҳати муҳимми ҳунари нависандагии ӯро, агар каме аз осораш огаҳ бошем, нек дармеёбем: аввалан, ошноии комил доштан бо забон ва ҳама василаву абзори таъсири ҳиссиву шавқии он ва баъдан – тарзи хоссаи образофаринӣ.

Ҷиҳати севум – бисёрмаъноӣ дар нутқи муаллиф ватавассути сухан офариниши нақшҳои ҳунарие, ки дар пасманзари гуфтору рафтор ва пиндорашон маъниҳои ҷолибе ба мазраи тафаккур сар мезананд.

Баҳманёр, бидуни муболиға, устоди навъи аз ҳама мушкилэҷоди насри бадеӣ, яъне ҳикоят аст. Дар воқеияти адабии мо, мутаассифона, ин навъи ҳунарро ҳамчун зинаи аввали нависандагӣ мегуморанд, чун камоли нависандагиро танҳо дар эҷоди навъҳои бузургтаре, мисли қиссаву роман эътироф мекунанд. Ҳол он ки, ба қавли Чингиз Айтматов, ҳикоянависӣ шабеҳи кандакорӣ дар чӯб аст. Ҷузъиёти мавриди тасвир бояд дақиқ бошад ва адиб дар истифодаи васоити тасвир хеле сарфакор. Агар бисёр на, ҳамин ҳикоёти «Пешрави дор», «Ғӯли кӯҳистон», «Чашмаи ният», «Соли малах»-ро ба эътибор бигирем, ҳамонду хислати асосии ҳикоятнависии дар боло номбаршуда ва дар маҷмӯъ – кандакори дақиқназар будани Баҳманёрро хоҳем дарёфт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баҳси дар Лучоб дафн накардани Баҳманёр: “низомнома”, “халқиҳо”…

Дигар омили дар ин навъи наср дасти қавӣ ва табъи дурусту саҳеҳ доштани Баҳманёр дар он аст, ки дар ҳар лавҳаи зиндагӣ аслу моҳияташромебинад ва аксаран хонандаашро такон медиҳад, ки ба андеша равад: дар набарди инсону зиндагӣ, инсону ҳаводиси рӯзгор гӯё имконоти маънавияти одамро ба санҷиш мегирад, инсонро аз нигоҳи ахлоқу сиришту хӯ дар гирдоби вақоеъ имтиҳон мекунад…

Хеле аз нависандагони маъруфи дунё, аз қабили Ги де Мопассан, Антон Чехов, Юрий Нагибин, Карел Чапек, Амброз Бирс, Танидзаки, Нодар Думбадзе ва даҳҳо дигар ҳикоятнависон бо ҳамин роҳу равишэҷод кардаанд, яъне аз тасвири ҷузъитарин ҳаводис мазмунҳои баланди фалсафӣ ҳосил намудаанд.

Дигар вижагии насри Баҳманёр истифодаи барои сабкаш хоси санъати саҷъ аст, ки ба рӯҳия ё тавре ки расман мегӯянд, пафоси ҳикоёташ мувофиқат мекунад. Ва истифодаи ин ҳунар танҳо бо ҳикоёташ маҳдуд намешавад. Дар оғози романи “Шоҳаншоҳ”, ки ба қавли муаллиф, “ба сирату ба сурат фарқкунанда аз дигар романҳост”, намунаи зебои ин ҷузъи ҳунарро мебинем:

“Духтар пешопеши ман мерафт. Баландболо, бо пои расову гесувони сиё, либосҳои фарангии фофо, аз онҳоест, ки аз пушти сарашон мебиниву мегӯӣ, чеҳрааш ҳам ба яқин ҳаст зебо. Ман чашм ба мӯи ӯ дӯхта, по ба муми роҳ кӯфта, дунбол мегирам ӯро…”.

Шабеҳ донистани ин ё он адиби забардаст ба ситорае пурдурахш ташбеҳи нав нест: воқеан, дар осмони пурситора ҳар яке ҷилои ба худ хос дорад. Яке аз ҳамин ахтарони осмони адаб Баҳманёр аст, ки дурахши ҷовидона хоҳад дошт…

Ҷомии бузургвор дар “Ҳафт авранг”-и хеш ҷое аз арзиши каломи бадеъ сухан ба миён оварда, онро сабаби бақои номи суханвар номидаст, ки дар муносибат ба осори пургуҳари Бахманёр оварданаш хеле муносиб ба назар мерасад:

     Қасриён банд дар салосили қаҳр,

     Қасрҳо паст аз залозили даҳр.

     З-он биноҳо намондааст осор,

     Ҷуз китоба ба дафтари ашъор.

     В-он иморотро на сар, на бун аст,

     Он чӣ боқист з-он ҳамин сухун аст.

     Ёдгорӣ дар ин работи куҳан,

     Нест беҳтар зи назму насри сухан…

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

     

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...