Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Александр Князев: Изҳороти Тошиев иғвоангез ва ғайри қобили қабул аст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Александр Князев: Изҳороти Тошиев иғвоангез ва ғайри қобили қабул аст

19
19

 “Изҳороти Тошиев (раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев – "АП") дар мавриди Ворух дар зоти худ иғвобарангез аст: пешниҳоди чизе, ки ба таҳқиқ барои ҷониби дигар қобили қабул нест, яъне огоҳона тамоми ҷараёни гуфтушунидро ба бунбаст ворид мекунад. Агар огоҳона набошад ҳам, ин бояд аз бесалоҳиятии комил ва надоштани қобилияти арзёбии воқеӣ ба вазъият гувоҳӣ медиҳад”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сиёсатшинос ва коршинос дар умури Шарқи Миёна ва Осиёи Марказӣ Александр Князев.

Ба гуфтаи ӯ, хомӯширо ихтиёр кардани ҷониби Тоҷикистон дар мавриди “ин рафтори ғайри қобили қабули ҷониби Қирғизистон мулоимтар гӯем, дуруст аст: чаро мушкилотеро, ки бе ин ҳам роҳи ҳалли худро намеёбад, боз ҳам печидатар кунем, охир ҷанг-ку эълон намекунем”.

“Лекин ин изҳорот тибқи мушоҳидаҳои ман, ҷанбаи зиддиқирғизиро аз ҷониби тоҷикистониён сарфи назар аз мавқеи расмии Душанбе, шадидан зиёд кард ва вокуниши дахлдори ҷониби Қирғизистон ҳам дер намепояд, яъне фазои умумии мухолифат меафзояд”.

Князев мегӯяд, ба ҳалли ин мушклот на Тоҷикистону на Қирғизистон омода нестанд, чунки муддати тӯлонӣ дар сатҳҳои гуногун – сар аз зиддиятҳои шахсиву хонаводагӣ то байни кишварҳо мухолифатҳои зиёде ҷамъ шудаанд.

“Ягона роҳи ҳалли чунин мушкилоти марбут ба сарҳаду қаламрав табодули мувофиқашудаи қитъаҳои баробари баҳсӣ мебошад. Дигар роҳе нест, лекин ҳозир он эҳтимоли хеле кам дорад, бахусус бо назардошти рафтори на ҳама вақт муносиби мансабдорон. Ҳар ду ҷониб барои табодули муносиб бо пешниҳоди ҷуброни зарурӣ ба аҳолӣ захира надоранд ва ин ба низоъҳои нав боис мегардад, ки дар ҳар кадоме аз ҳолатҳо моҳияти иҷтимоӣ дорад, лекин бо истифода аз симои айбдор шарҳ дода мешавад”, – иброз доштааст Князев.

Ба қавли коршинос, тахмин задан мушкил нест, ки кӣ аз ҷониби аҳолии Қирғизистон ва кӣ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон гунаҳкор таъин мешаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раиси КДАМ-и Қирғизистон: ба Тоҷикистон гуфтем, Ворухро ба минтақае аз мо иваз кунанд

“Кори дақиқу давра ба давра ва ҳадди ақал як мисоли мусбат лозим аст,  ки “минбаъд ба он такя карда, ин кори душвор, вале бори дигар таъкид мекунам, ягона кори имконпазир идома дода шавад”, – илова кардааст Князев.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба Тоҷикистон ду тарзи ҳалли мушкилоти марзиро пешниҳод кард.

"Якум – мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд. Дувум сахттар аст – мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор га аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор га-ро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...