Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар Душанбе мусобиқоти тенниси калон идома доранд. Ноиби президенти федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мусобиқот ду даста аз шаҳри Душанбе ва ду дастаи дигар аз вилояти Суғд бо шумори 36 нафар мардону 30 нафар занон ширкат меварзанд.
И.Шарифӣ мегӯяд, ки чанде қабл иштироккунандагони мусобиқоти нимниҳоӣ муайян гардиданд ва пагоҳ мусобиқоти ниҳоӣ сурат мегиранд.
Президенти федератсия изҳор дошт, ки ғолибон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё, ки моҳи сентябри соли равон дар Ҳиндустон доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.