Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дастаи миллии мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти ниҳоӣ оид ба футболи Ҷоми даъвати Осиё ба шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон сафар мекунад.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар гурӯҳи «А» ҳарифони футболбозони тоҷик дастаҳои Туркманистон, Ҳиндустон ва Афғонистон мебошанд.
«Вохӯрии нахустин бо дастаи Турқманистон санаи 30-уми июл баргузор хоҳад гашт», – иттилоъ дод манбаъ.
«Бозии дуввум бо дастаи соҳибони майдон – Ҳиндустон дар таърихи 1-уми август ва вохӯрии саввум бо футболбозони Афғонистон 3-уми август доир мегардад»,- гуфт манбаъ ва афзуд, ки дар гурӯҳи «В»-и мусобиқот дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Мянма, Непал ва Шри-Ланка бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2001 мегардад.