Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гурӯҳи «В»-и мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё дар Ҳиндустон дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Шимолӣ бар дастаи Мянма бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада, дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқот бо тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ хоҳад кард.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки вохӯриҳои нимниҳоӣ миёни дастаҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустону Мянма 7-уми август барпо мегарданд.
Бозии ниҳоӣ 10-уми август доир мешавад. Ёдрас мекунем, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2011 мегардад.