Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки ғолиби нахустини Ҷоми даъвати Осиё аст, дар давраи нимниҳоии мусобиқот бар дастаи Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1 бар сифр пирӯз шуда, ба давраи ниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳ ёфт.
Аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки тӯби ягонаро дар дақиқаи 39-уми ҳамлагари дастаи «Парвоз» Ҷомихон Муҳиддинов ба ҳадаф расонидааст.
Рӯзи якшанбе, 10-уми август дар бозии ниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бо дастаи соҳибони майдон – Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад. Дастаи Ҳиндустон дар бозии нимниҳоии дуввум дастаи Мянмаро бо ҳисоби 1 бар сифр мағлуб сохта, ба давраи ниҳоии мусобиқот баромад.