Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз,дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ (17-у 08 дақиқаи вақти маҳаллӣ) дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад. Дар он сарони кишварҳои беш аз 130 кишвари дунё, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар Пекин қарор дорад.
Дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то
73 кг
), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то
81 кг
), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то
90 кг
), Виталий Корякин (гӯштии озод, то
60 кг
), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то
84 кг
), Шералӣ Достиев (бокс, то
48 кг
), Анвар Юнусов (бокс, то
51 кг
), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то
81 кг
), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,
50 м
), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,
50 м
), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ,
69 кг
) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.
Пагоҳ боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд. Бозиҳои Олимпӣ то 24-уми август идома хоҳанд ёфт.