Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбе кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё нисбати рафтори ношоями футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва футболбозони Кореяи Шимолӣ Пак Нам Чола ва Тсой Мин Хо дар вохӯрии ин дастаҳо қарор қабул кард. Ёдрас мекунем, ки дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд.
Сомонаи расмии конфедератсия иттилоъ медиҳад, ки Даврон Тухтасунов барои баъд аз анҷоми бозӣ ҷанҷол кардан ва зарба задан ба ҳамлагари дастаи Корея Юн Ен Ил аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуд.
Футболбози дастаи Корея Тсой барои рафтори ношоям (туф кардан) нисбат ба Даврон Тухтасунов аз иштирок дар шаш бозӣ маҳрум гардида, ӯ низ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шудааст.