Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Қувваозмоӣ барои ҷои саввум ва бозии финалии Ҷоми даъвати Осиё, ки бояд дирӯз баргузор мешуданд, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар варзишгоҳи «Амбедкар»-и Деҳлӣ доир хоҳанд шуд.
Аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳолати майдони бозии варзишгоҳи шаҳри Ҳайдаробод ба талабот ҷавобгӯ набудааст ва аз ин рӯ, қарор шудааст, бозиҳо дар Деҳлӣ баргузор шаванд. Майдони варзишии Ҳайдарободро боронҳои пай дар пай ба харобӣ расониданд.
«Рӯзи чоршанбе дар бозии аввал барои ҷои саввум дастаҳои футболи Кореяи Шимолӣ ва Мянма бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд ва сипас дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бозии финалӣ ғолиби мусобиқотро муайян хоҳанд кард», – изҳор дошт манбаъ.