Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бар ҳарифи худ аз Хорватия Марио Сиволя дастболо шуда, ба давраи чаҳорякфиналии мусобиқоти Бозиҳои Олимпии Пекин роҳ ёфт.
Варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кило бар ҳарифи худ бо ҳисоби 8 бар 1 ғолиб омад. Ёдрас мекунем, ки дар давраи аввал Ҷ.Қурбонов
доваталаби асосии ғолибият дар мусобиқот, чемпиони ҷаҳон Аббос Атоеви ӯзбекистониро мағлуб сохт.