Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Даҳ нафар варзишгарони тоҷик мусобиқоти худро дар Олимпиадаи Пекин ба анҷом расонида, ба ватан бармегарданд. Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки танҳо як нафари онҳо – дзюдочӣ Расул Боқиев бо медали биринҷӣ ба ватан бармегардад.
«Ба наздикӣ гурзандози тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи
76 метру
54 сантиметр
партофта, миёни 12 варзишгар мақоми ёздаҳумро ишғол намуд, ҳарчанд мо умед доштем, ки ӯ медал ба даст хоҳад овард», – гуфт ӯ. Аз рӯи ин намуд миёни занҳо Галина Митяева аз Тоҷикистон қувваозмоӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон бо 61 медал (35 тилло) соҳибони бозиҳо – варзишгарони Чин пешсафанд. Мақоми дуввумро бо 65 медал (19 тилло) варзишгарони Амрико ишғол мекунанд ва дастаи Бритониёи Кабир бо касби 25 медал (11 тилло) дар зинаи саввум ҷойгир шудааст.