Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 4-ум то 8уми октябри соли ҷорӣ дар Душанбе мусобиқаи чоруми байналхалқии бачагонаи теннис барои ба даст овардани
Ҷ
оми Президенти То
ҷ
икистон баргузор мешавад.
Сардори Раёсати варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Наргис Набиева дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ғолиби мусобиқа соҳиби ҷом ва 1 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотпулӣ мегардад.
Номбурда гуфт, ки барои иштирок дар мусобиқа теннисбозони беш аз 10 давлати ҷаҳон даъват карда шуданд, вале бинобар дар як вақт ҷараён доштани якчанд мусобиқоти байнулмилаии бачагона, алҳол танҳо варзишгарони Афғонистону Эрон ва Ӯзбекистон иштирокашонро тасдиқ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар ин мусобиқа теннисбози то
ҷ
ик Аҳмад
ҷ
они Муҳаммад ғолиб омада буд.