Душанбе. 23-уми октябр – Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои севвумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки дирӯз дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Маҳмадалӣ Содиқов, бозигари «Хуҷанд» ҳисобро боз кард. Голи дуввуми «Хуҷанд»-ро Шӯҳрат Шамсиев ба ҳадаф расонд. Баъдан бозигари ҷавони «Энергетик» Александр Франк, писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов, узви дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, ҳисобро тағйир дод.
Ҳамин тариқ дастаи «Хуҷанд» баъди 6 сол боз соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид. Ин дафъа бозигарони Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Уроз Турақулов муваффақ гаштанд.