Душанбе. 7-уми ноябр – Бозиҳои гур
ӯ
ҳии даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъуд
ӣ
ба ан
ҷ
ом расиданд.
Ҳашт даста –
Ҷ
опон ва Арабистони Саъуд
ӣ
(гур
ӯ
ҳи «А»), Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи
Ҷ
ануб
ӣ
(гур
ӯ
ҳи «В»), Чин ва Кореяи Шимол
ӣ
( гур
ӯ
ҳи «С»), Австралия ва Узбакистон (гур
ӯ
ҳи «D») ба даври чаҳорякниҳо
ӣ
роҳ ёфтанд.
Вале дастаи То
ҷ
икистон бо ву
ҷ
уди он ки дар даври охирини гур
ӯ
ҳи «С» бар тими Лубнон бо ҳисоби 5:1 пир
ӯ
з гардид, аз идомаи мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамон
ӣ
маҳрум шуд. Нимаи аввали ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голҳоро Фарҳод Тоҳиров ( дақиқаи 11-ум) ва Аҳмадзрейк (42-юм) заданд. Чаҳор голи То
ҷ
икистонро дар нимаи дуввуми боз
ӣ
Самад Шоҳзуҳуров (ду гол), Даврон
ҷ
он Тухтасунов ва Фарҳод Восиев ба самар расонданд.
Бозии дигари даври севум дар гур
ӯ
ҳи «С» байни дастаҳои Кореяи Шимол
ӣ
ва Чин бо ҳисоби 0:0 ан
ҷ
ом ёфт. Бад-ин тартиб Чин бо 7 имтиёз
ҷ
ои аввал ва Кореяи Шимол
ӣ
бо 5 имтиёз
ҷ
ои дуввумро касб карда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале То
ҷ
икистон бо 4 имтиёз дар
ҷ
ои севум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъд
ӣ
маҳрум гардид.
Дар даври чаҳорякниҳо
ӣ
, ки 8-уми ноябр баргузор мешавад,
Ҷ
опон бо Кореяи
Ҷ
ануб
ӣ
, Аморати Муттаҳидаи Араб бо Арабистони Саъуд
ӣ
, Чин бо Узбакистон ва Австралия бо Кореяи Шимол
ӣ
боз
ӣ
хоҳанд кард.
Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳо
ӣ
(11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии
ҷ
аҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.