Хуҷанд. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти ҷоизаи гӯштингири маъруф Учқун Муродов, имрӯз ба шаҳри Чирчиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи дзюдои вилояти Суғд Фурқат Пӯлодов хабар дод, мусобиқоти мазкур аз 18-ум то 20-уми ноябр идома ёфта, ҷумҳурии моро дар он 24 паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Пӯлодов дар мусобиқоти байналмилалӣ наздики 600 варзишгар аз кишвархои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат меварзанд.