Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Унвони беҳтарин футболбози соли 2008-и Тоҷикистон насиби ҳамлагари дастаи «Хуҷанд» – Юсуф Рабиев шуд. Дар ин бора торнигори «Футболи Тоҷикистон» хабар додааст.
Рабиев пас аз як моҳи раъйдиҳии интернетӣ, аз нигоҳи хонандагони торнигори «Футболи Тоҷикистон» беҳтарин футболбози тоҷик дар соли 2008 номида шуд. Дар миёни футболбозҳои то 20-сола унвони беҳтаринро ҳамлагари «Регар-ТадАЗ – ситораи биринҷии Сингапур-2006 Даврон Тӯхтасунов соҳиб шуд.
Аз рӯи натиҷаи райъпурсӣ, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев беҳтарин мураббии сол эълон гардид. Воқеан, Ҳабибуллоев бар иловаи Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, имсол ҳамчунин боз унвони навбатии қаҳрамони Тоҷикистонро бо дастаи «Регар ТадАЗ» низ соҳиб гашт.