Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бори нахуст дар давраи истиқлолияти кишвар ба даври чорякниҳоии мусобиқоти
Ҷ
оми Иттиҳод роҳ ёфт.
Тавре котиби генералии Федеросиюни футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ бар дастаи «Шахтёр»-и Украина бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омада, соҳиби роҳхат ба даври чаҳорякниҳоӣ гашт. Се тӯбро ба дарвозаи ҳариф Иброҳим Раҳимов ва як тӯбро Хуршед Маҳмудов равона сохтанд.
Ба иттилои манбаъ, пагоҳ дар даври чаҳорякниҳоӣ футболбозони мо бо дастаи «Интер»-и Озарбойҷон қувааозмоӣ хоҳанд кард.