Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Ваҳдат мусобиқоти қаҳрамонии ҷумҳурӣ оид ба вазнбардорӣ шурӯъ гардид.
Тавре аз шӯъбаи таҳлиливу иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар зарфи ду рӯз варзишгарон аз тамоми манотиқи кишвар баҳри ғолиб омадан дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, рӯзҳои 16-17-уми март дар варзишгоҳи марказии ин ноҳия мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир мегардад, ки дар он ғолибони мусобиқоти минтақавӣ иштирок мекунанд.