Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз даври саввуми мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Чӣ тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, имрӯз дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии дастаҳои пешсафи мусобиқа – «Хуҷанд» ва «Истиқлол», баргузор мешавад. Ҳамчунин дар шҳри Кӯрғонтеппа дастаҳои «Вахш» ва «Равшан», дар шаҳри Душанбе дастаҳои ССКА «Помир» ва «Парвоз» ва «Энергетик» ва «Спитамен» бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. «Пагоҳ дар пойтахт вохӯрии дастаҳои «Гвардия» ва «Регар» ТадАЗ доир мегардад», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, ба қатори голзанҳои беҳтарин Абдусамад Ҳоҷибоев («Парвоз»), Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») шомил мебошанд, ки ҳар кадом 2-голӣ задаанд.