Душанбе. 29-уми апрел – Рашид Раҳимов, собиқ капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, аз вазифаи сармураббии тими футболи «Локомотив» (Маскав) барканор шуд.
Нати
ҷ
аҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими гузашта ва оғози мавсими имсола футболдорони «Локомотив»-ро водор карданд, то сармураббиро аз вазифа сабукдуш кунанд. Бохти охирини «Локомотив»-и Маскав дар Премйер-Лигаи Русия аз дастаи «Кубан» косаи сабри футболдорони дастаро лабрез кард. Торнамои «Футболи То
ҷ
икистон» аз субҳи имр
ӯ
з бо такя ба расонаҳои рус
ӣ
навишта буд, ки Рашид Раҳимов ба истеъфо фиристода хоҳад шуд. Ин хабар бегоҳи р
ӯ
зи 28-уми апрел расман тасдиқ шуд.
Ҳамакнун, и
ҷ
рокунандаи ин вазифа Владимир Маминов, бозигари маъруфи рус хоҳад буд. Ду дастпарвардаи дигари футболи то
ҷ
ик – Игор Черевченко ва Сергей Мандреко ба
ӯ
ёвар хоҳанд буд.
Рашид Раҳимов якуним соли қабл аз дастаи «Амкар»-и Перм ба «Локомотив» омада буд. «Амкар» таҳти раҳбарии Р. Раҳимов дар соли 2007 нахустин бор ба дастоварди назаррас ноил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни 16 даста
ҷ
ои 8-умро ба даст овард.
Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1963 таваллуд шудааст. Нахуст
ӯ
дар дастаи «Захираҳои меҳнат
ӣ
»-и Душанбе боз
ӣ
кардаааст. Аввалин мураббиаш шодравон Сиро
ҷ
Носиров мебошад. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамо
ӣ
кардааст. Р. Раҳимов инчунин қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992, 1994), барандаи
Ҷ
оми Русия (1992) мебошад.
Рашид Раҳимов пас аз гирифтани му
ҷ
аввиз аз соли 2002 ба кори мураббиг
ӣ
пардохта, ба бошгоҳи «Адмира-Ваккер» (Австрия) раҳбар
ӣ
мекунад. Моҳи сентябри соли 2006 вай вазифаи сармураббии дастаи «Амкар»-и Пермро ба уҳда гирифт ва дар нати
ҷ
аи раҳбарии устодонаи худ ин дастаро аз хавфи хори
ҷ
шудан аз дивизиони олии футболи Русия на
ҷ
от дода буд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.