Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба як унвони байнулмилалӣ – медали тиллои Федератсияи байнулмилалии самбо сазовор дониста шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, маросими супурдани медал зимни сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шудааст.
Ба Эмомалӣ Раҳмон медалро ноиби президенти Федератсияи байнулмилалии самбо, президенти Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов супурдааст. Ф.Пӯлодов зимни супоридани мукофот саҳми президенти кишварро дар кори тарбияи насли солим ва рушди ин намуди варзиш дар тамоми минтақаи Осиё таъкид сохтааст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии Федератсияи байнулмилалии самбо изҳори миннатдорӣ карда, таъкид сохтааст, ки ин унвонро на ҳамчун тӯҳфа ба худаш, балки чун қадрдонии тамоми варзишгарони ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунад.