Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар рейтинги имрӯз интишоршудаи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 7 зина поин рафта, мақоми 155-умро ишғол менамояд.
Тайи моҳи гузашта рейтинги дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ 31 балл коҳиш ёфта, айни замон 116 баллро ташкил медиҳад. Дар рейтинг дастаҳои футболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷойҳои зерин ҷойгир шудаанд: Қазоқистон – мақоми 130-юм, Ӯзбекистон – макоми 79-ум, Қирғизистон – макоми 160-ум ва Туркманистон – мақоми 145-ум.
Мақоми аввалро дастаи Бразилия ишғол карда, пас аз он дастаҳои Испания, Ҳолланд, Олмон, Италия, Русия, Аргентина, Фаронса ва Хорватия ҷойгир шудаанд.
Дар рейтинг натиҷаҳои фаъолияти 203 дастаи мунтахаби футболи кишварҳои ҷаҳон таҳлил мегарданд.