Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар давраи навбатии чемпионати лигаи олии мамлакат оид ба футбол дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонеппа бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд, ки ин бохти аввалини душанбегихо дар чемпиоанти имсола мебошад.
Рӯзи 18-уми июн се вохӯрии даври навбатии чемпиоанти ҷумҳурӣ оид ба фтубол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Тавре дар боло зикр кардем, «Истиқлол» аз дастаи «Вахш» шикаст хӯрда, тӯби ягонаро дар ин вохӯрӣ Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расонид. Қобили зкир аст, ки қӯрғонтеппагиҳо даврҳои ахири чемпионатро муваффақона гузаронида, ба гурӯҳи пешсафон торафт наздик мешаванд.
Бозии «Гвардия» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) бо ҳисоби калони 1 бар 5 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар бозии севум миёни дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Энергетик» (Душанбе) ҳисоби бозӣ кушода нашуд.
Рӯзи дигар, 19-уми июни соли ҷорӣ, дастаи «Равшан»-и Кулоб дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи «Шодмон»-и Ҳисор дастболо шуд. Вохӯрии «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар»-ТадАЗ-и Турсунзода мусовӣ 1 бар 1 анҷом пазируфт.
Ҳамин тариқ дар садри ҷадвали мусобиқа бо 34 имтиёз дастаи «Истиқлол» қарор дорад, ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан бо 32 ва 27 имтиёз дастаҳои «Равшан» ва «Регар»ТадАЗ ишғол мекунанд.