Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — |Дар ноҳияи Рашт мусобиқоти фтубол миёни наврасон (соли таваллуди 1996-1997) шурӯъ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, шаш дастаи наврасон аз ноҳияҳои Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Роғун то 8-уми июл баҳри ба даст овардани унвони дастаи беҳтарини минтақа қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, ба ифтихори таҷлили ҷашни истиқлолият ҳамчунин дар шаҳри Роғун мусобиқоти қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба шашка миёни писарону духтарони синни аз 10 то 20-сола оғоз гардидааст, ки дар он намояндагони тамоми манотиқи кишвар ширкат меварзанд.
Ғолибону ҷойизадорони ҳарду мусобиқот бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд.