Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIII-уми махсуси тобистонаи умумиҷаҳонии олимпӣ чор медал ба даст оварданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори миллии Спешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарифова хабар дод, дар мусобиқоти давидан ба масофаи 100 метр толибилми мактаби ёридиҳандаи № 2-и пойтахт Фарида Назарова пирӯз ва соҳиби медали тило шудааст. «Тарбиятгирандаи мактаби махсуси № 3 Фаррух Самадов дар мусобиқоти ҷаҳидан ба дарозӣ ғолиб омада, медали дуввуми тилои Тоҷикистонро таъмин кард», – гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, Фаррух Самадов ҳамчунин дар мусобиқоти давидан ба масофаи 100 метр соҳиби медали нуқра гардида, варзигари дигари тоҷик – Шӯҳрат Шодиев дар мусобиқоти давидан ба масофаи 200 метр сазовори медали биринҷӣ шудааст. «Дастаи юнифайт-футболи Тоҷикистон мақоми шашумро ишғол кард», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои XIII-уми махсуси тобистонаи умумиҷаҳонии олимпӣ аз 25-уми июн то 4-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Афина баргузор шуданд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 19 нафар иборат буда, он бо дастгирии молиявии ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди ҳукумати кишвар ба ин Бозиҳо сафарбар гардид. Дар маҷмӯъ дар мусобиқоти мазкур беш аз 7 ҳазор варзишгарон аз 185 кишвари дунё ширкат варзиданд.