Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131
Олимҷон Рафиқов и.в. сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Олимҷон Рафиқов и.в. сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд

14
14


Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Олимҷон Рафиқов иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин карда шуд.

Таҳти сарварии ӯ даста ба баргузории вохӯриҳои даври севуми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи «С»-и қораи Осиё омодагӣ мегирад.

«Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки ба гурӯҳи хеле пурзӯр (Ӯзбекистон, Ҷопон, Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея) афтодаем ва албатта, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба таври шоиста қувваозмоӣ намоем», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори  ОИ «Азия-Плюс» и. в. сармураббии даста.

Ба гуфтаи ӯ, пагоҳ дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ барои машқу тамрин ва омодагӣ ба вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон озими шаҳри Қайроққум мегардад. Тибқи маълумоти пешакӣ, ба ҳайати даста як зумра футболбозони нав аз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Кӯлоб) даъват карда шудаанд. Ҳамчунин аз иштироки футболбозони тоҷик, аз қабили Фарҳод Восиев, Искандар ва Манучеҳр Ҷалиловҳо, ки дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, низ интизорӣ меравад. Масъалаи ба вохӯрии мазкур ҳозир шудани футболбози тоҷик Акмал Холматов аз Эрон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро асосан футболбозони дастаи «Истиқлол» ташкил медиҳанд. «Ба ҷуз футболбозони дастаи «Истиқлол», дар хусуси омодагии футболбозони дигар дастаҳо ман маълумоти пурра надорам, вале ба ҳар ҳол, қобилияти ҳар якеро ба эътибор гирифта, ҳайати дастаро дар вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон муайян мекунем», – изҳор кард Олимҷон Рафиқов.

Вохӯрии аввалро дастаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турснзода бо дастаи Ӯзбекистон мегузаронад. Оғози бозӣ соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ аст. Вохӯрии дуюми даста рӯзи 6-уми сентябр дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея доир мегардад.

Дар робита ба масъалаи сабаби дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор нагардидани бозии мазкур, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов изҳор кард, ки дар варзишгоҳи марказӣ корҳои таъмир идома доранд ва анҷоми онҳо рӯзи 8-уми сентябр дар назар аст. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...