Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж ду варзишгари тоҷик ба оғози қувваозмоиҳо дар вазни то 81 кг шурӯъ карданд.
Дзюдочии ҷавони тоҷик Фарҳод Раҳимов дар қувваозмоии шадид бар варзишгари Шветсия Робен Пакер дастболо гардида, пирӯзии нахустини дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқотро таъмин намуд. Дар даври дуюм Ф. Раҳимов бо варзишгари Гаити Д. Ричардсон вомехӯрад. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин вазн Шералӣ Бозоров аз даври дуюм ба қувваозмоӣ шурӯъ карда, бо варзишгари Аргентина Эммонуел Лукнети қувва меозмояд.
Ёдрас мекунем, ки дар ин мусобиқот ду намояндаи Тоҷикистон Ҷамшед Халилов (вазни то 60 кг) ва дзюдочии маъруфи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин Расул Боқиев (вазни то 73 кило) дар вохӯриҳои нахуст шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардиданд.
Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.
Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.