Шабакаҳои телевизиони давлатии ҷумҳурӣ ба пахши мустақими вохӯрии дастаҳои мунтахабаи футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар чаҳорчӯби мусобиқоти даври сеюми интихобӣ ба Ҷоми ҷаҳон дар қораи Осиё доир мегардад,имкон надоранд.
Директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи сабаби тариқи «он-лайн» пахш накардани вохӯрӣ худдорӣ варзида , танҳо гуфт, шабака ҳатман вохӯриро пас аз анҷом намоиш хоҳад дод.
«Чанде қабл мо як барномае дар бораи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ин бозӣ ба навор гирифтем, вале бо дархости сармураббии даста онро ба эфир нагузоштем», – гуфт ӯ.
Шабакаи телевизионии «Сафина» ҳам ба гуфти худашон, бинобар чорабиниҳои бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ пахши мустақими вохӯриии мазкурро таъмин карда наметавонанд.
Танҳо сомонаи радиои «Озодӣ» пахши мустақими вохӯриро ба зимма гирифтааст.