Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё озими шаҳри Тайбэйи Чин (Тайван) шуд.
Ин мусобиқот аз 19 то 25-уми сентябр дар шаҳри Гаосин баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон аз 18 футболбоз иборат аст.
Дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои «Тайван Пауэр Компани (Тайбэйи Чин) ва «Балкан» (Туркманистон) шомил мебошанд. Вохӯрии аввалро футболбозони тоҷик рӯзи 19-уми сентябр бо дастаи мизбон ва 21-уми сентябр бо дастаи «Балкан» мегузаронанд.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Яданарбон» (Мянма) ва «Пномпен» (Камбоҷа) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ғолибони гурӯҳҳо рӯзи 25-уми сентябр дар вохӯрии ниҳоӣ қувваозмоӣ менамоянд. Дастаи пирӯз бо 50 ҳазор ва иштирокчии дигари вохӯрии ниҳоӣ бо 25 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.