Имрӯз дар маҷмааи варзишии Департаменти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мусобиқоти кушод оид ба бокс шурӯъ мешавад.
Мусобиқот аз ҷониби Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ва Федератсияи бокси ҷумҳурӣ созмон дода шуда, дар он ба ҷуз варзишгарони Тоҷикистон иштироки намяондагони Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон низ дар назар аст.
Мураббии бокси Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 Абдурашид Мамадҷонов мегӯяд, дар мусобиқот боксчиён аз тамоми манотиқи кишвар аз рӯйи 10 вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин дар мусобиқот иштироки духтарони боксчӣ низ пешбинӣ мешавад.