Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод, ки аз 19 то 29-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи футболи ҷумҳурии мо дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Белорус, Эрон ва Литва қувваозмоӣ хоҳад кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар бозии аввал 20-уми январ бо футболбозони Литва, 21-уми январ бо тими Белорус ва 23-юми январ бо ҳамсолони худ аз Эрон рақобат хоҳад кард.
Тамрину омодагиҳои даста аз 8 то 17-уми январ дар шаҳри Норак доир гардиданд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 20 нафар футболбоз иборат аст.
Ба ду гурӯҳи дигари мусобиқоти мазкур дастаҳои зерин дохиланд:
Гурӯҳи «А»: Русия, Қазоқистон, Эстония ва Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Украина, Молдова, Қирғизистон ва Латвия.