Дар шаҳри Санкт-Петербург президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер гуфтушунид кард.
Гуфта мешавад, президенти ФИА Рустами Эмомалиро ба муносибати ба вазифаи президенти ФФТ интихоб шуданаш табрик кардааст. Дар гуфтушунид як қатор масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Рустами Эмомалӣ изҳор кардааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Блаттер ва ташаббусҳои ӯро дар самти рушди минбаъдаи футбол дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамояд.
Йозеф Блаттер дар навбати худ гуфтааст, ФИФА ҳамаҷониба Федератсияи футболи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, баҳори соли равон тибқи барномаи «Гол-2» ба сохтмони майдони сунъии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мекунад.
Дар гуфтушунид ҳамчунин директори ФИФА оид ба ассотсиатсияҳои миллӣ Терри Реженасс, сарменеҷер оид ба рушд Ева Паскйе, муовини аввали президенти ФФТ Валерий Турсунов ва котиби генералии ФФТ Фирдавс Файзуллоев низ иштирок доштанд.
Ёдрас мекунем, ки айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод-2012 оид ба футбол идома дорад. Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ин мусобиқот иштирок дорад, дар гурӯҳи «С» вохӯрии аввалро бо дастаи Литва мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм аз дастаи Белорус бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд.